Душанбе. 12-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Cафарҳои давлатию расмии Президенти Ҷ умҳурии То ҷ икистон Эмомал ӣ Раҳмон ба кишварҳои назди Балтика ва Аврупо аз субҳи р ӯ зи 12 – уми феврал дар Ҷ умҳурии Литва идома ёфт.

Маросими истиқболи расм ӣ дар назди Кохи Президенти Ҷ умҳурии Литва баргузор гашт.

Эмомал ӣ Раҳмонро Президенти Ҷ умҳурии Литва Валдас Адамкус истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихори даъват намуд. Маросими истиқбол тибқи муқаррароти сафарҳои расм ӣ бо сафкашии горди фахр ӣ , садо додани сурудҳои миллии ду давлат ва шиносо ӣ бо ҳайатҳои расм ӣ ҷ араён гирифт.

Ҳолати кунун ӣ ва дурнамои муносибатҳои То ҷ икистону Литва зимни с ӯ ҳбати хоссаи сарони ду давлат ва гуфтушунидҳои хайатҳои расмии ду кишвар баррас ӣ шуд.

Болоравии мубодилаи молу маҳсулот миёни То ҷ икистону Литва, ки соли гузашта ҳа ҷ ми он зиёда аз 110 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст, нишона аз имконоти фаровони густариши робитаҳои иқтисодию ти ҷ орат ӣ маънидод гардид.

Таъсиси комиссияи байниҳукуматии ҳамкор ӣ мувофиқи мақсад дониста шуд.

Рушди ҳамкор ӣ дар соҳаи коркарди   маҳсулоти кишоварз ӣ , аз ҷ умла пахта ва меваю сабзавот, истеҳсоли масолеҳи бинокор ӣ , мебел, техникаи р ӯ згор, чарм, пойафзол, азхуднамоии канданиҳои фоиданок ва захираҳои бузурги гидроэнергетикии То ҷ икистон, густариши робитаҳои нақлиётию транзит ӣ аз самтҳои   асосии ҳамкор ӣ номида шуд.

Ҷ онибҳо ба мувофиқа расиданд, ки То ҷ икистон барои транзити молу маҳсулоти худ ба Аврупо аз бандарҳои Литва ва Литва низ дар навбати худ аз роҳхои транзитии То ҷ икистон ба Осиёи Марказ ӣ ва Ҷ ануб ӣ истифода намоянд.

Густариши робитаҳои илмиву фарҳанг ӣ низ зарур шумурда шуд. Мақомоти дахлдори ду кишвар вазифадор шуданд, ки барои муқаррар намудани робитаҳои мустақим миёни субъектҳои хо ҷ агидор ва соҳибкорон, олимон, ҳунармандон, варзишгарон ва аҳли адабу ҳунар мусоидат намоянд.

Гуфтуг ӯ йи судманд ҳамчунин атрофи масоили минтақа ва ҷ аҳон ва ҳамгироиҳо дар чаҳорч ӯ би созмонҳои бонуфузи байналмилал ӣ сурат гирифт.

Муттаҳидсозии к ӯ шишҳо баҳри   барқарор намудани сулҳу субот дар Афғонистон амри зарур ӣ шумурда шуд.

Аз р ӯ йи нати ҷ аи мулоқотҳо миёни То ҷ икистону Литва Эъломия дар бораи густариши муносибатҳои д ӯ ст ӣ ва ҳамкор ӣ ва як созишномаи байниҳукумат ӣ оид ба ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузор ӣ ба имзо расид.

Сарони ду давлат - Эмомал ӣ Раҳмон ва Валдас Адамкус барои хабарнигорон нишасти Валдас Адамкус матбуот ӣ ороста, аз самараи мулоқотҳои расм ӣ изҳори қаноатманд ӣ карданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.