Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Бо мақсади баргузории чорабиниҳои муштарак баҳри дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳаи «Рушди имконот ва табодули иттилоот бо мақсади тақвияти таъсири мусбати муҳоҷирати меҳнатӣ ба афзоиш ва рушди ҷамоатҳои деҳот» миёни Вазорати умури дохилии ҶТ ва Агентии ҳамкории техникӣ ва рушди ACTED Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тавре аз Хадамоти муҳоҷирати ВКД ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳафтаи гузашта кормандони хадамот бо намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва ғайриҳукуматии муқими Тоҷикистон масъалаи роҳҳои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар қаламрави Русияро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Зикр гардид, ки роҷеъ ба баргузории таҳқиқоти илмии вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия аз ҷониби созмонҳо ва хадамоти муҳоҷират тавофуқ ҳосил шудааст.