Душанбе. 8-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Пйер Морел изҳор дошт, ки кишварҳои Осиёи Марказиро зарур аст, аз тарзи муносиботи пешин даст кашида, ба роҳандозии муносибатҳои ҷадид шурӯъ созанд.

            Ӯ таъкид сохт, ки ҳарчанд ИА дар минтақа нақши умда надошта бошад ҳам, «мо тавсия медиҳем, ки дар масъалаи тақсими захоири об муносибатҳои нав пеш гирифта шаванд». «Дар шароити кунунӣ аз бунёди сарбандҳои азим барои нерӯгоҳҳо, ки ба муҳити зист хатар эҷод месозанд, мебояд даст кашид ва ба ивази он шумори нерӯгоҳҳои хурди барқиро афзун бояд кард», - гуфт ӯ.

            Ба назари ӯ, ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур дар минтақа таъсиси мақомоти ягонаи ҳамоҳангсозии масоили марбут ба захираҳои обӣ мувофиқи мақсад аст.   Дар мавриди таъсири бӯҳрони молӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ номбурда гуфт, дар ин масъала Тоҷикистону Қирғизистон кишварҳои аз ҳама бештар осебпазиранд ва коҳиши маҳсулоти содиротиву ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирон метавонад ба иқтисоди ин кишварҳо таъсири манфӣ расонад.