Хуҷанд. 8-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Аҳзоби сиёсии вилояти Суғд дар робита ба қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии эътиқод ва иттиҳодияҳои динӣ» изҳори нигаронӣ карданд. Чанде қабл дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони Ҳизби Сотсиалистӣ, Сотсиал-Демократӣ, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва намояндагони ВАО роҷеъ ба ин масъала мизи мудавввар доир гардид.

Намояндаи ҲНИТ Мирзоқул Ҳоҷиматов изҳор дошт, бандҳои қонуни қабулгардида ба муқаррароти Сарқонуни ҶТ ва Эъломияи ҳуқуқи башар мухолифат доранд.

Моҳинисо Хорисова, роҳбари ТҒД «Иттиҳоди шаҳрвандӣ» ва аъзои Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон гуфт, қонуни мазкур метавонад ҷиҳати назорат ва дахолати ҳкуматдорон ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ истифода бурда шавад.

Раиси шӯъбаи ҲСДТ дар вилояти Суғд Дилбар Самадова дар робита ба масъалаи мазкур изҳор дошт, ки аҳзоби сиёсии вилоят ба ҳеҷ амале даст намезананд, зеро ҳангоми баррасии қонун ақидаҳои худро иброз намудан зарур буд, на баъди қабули қонун.