Душанбе. 21-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Мақомоти раҳбарии ширкати эронии « Собир Инернейшнл», ки айни замон дар ҷумҳурӣ ба сохтмони роҳи мошингарди Шоҳон –Зиғар машғул аст, ҷой доштани далелҳои поймол кардани ҳуқуқ аз рӯи нишонаҳои миллиро комилан рад месозад.

Тавре менеҷери марҳилаи дуввуми лоиҳаи «Сохтмони роҳи мошингарди Шоҳон-Зиғар аз ҷониби пудратчӣ Доварӣ ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, воқеан ҳам дар сохтмони роҳ дар қатори эрониён тоҷикону афғонҳо низ кор мекунанд, вале муносибат бо ҳама як хел аст ва иттилои дар ҳафтаномаи «Фараж» интишоргардида ҳеҷ асоси воқеӣ надорад.

«Мо бо сардабири ин рӯзнома мулоқот оростем ва ӯ пас аз воқиф гаштан бо вазъ, барои интишори иттилоии носаҳеҳ аз мо узр пурсид, - идома дод ӯ. – Мо рӯзноманигоронро ба маҳали сохтмон даъват кардем ва онҳо ин даъватро бо хушнудӣ пазируфтанд».

Дар мавриди нисбат ба эрониён ба тоҷикону афғонҳо пардохтани музди меҳнати камтар, номбурда гуфт, ин тартиби маъмулӣ аст ва дар саросари ҷаҳон аз он кор мегиранд. «Дар Эрон низ аксари ширкатҳои хориҷӣ ба ҳамватанони худ нисбат ба мардуми маҳаллӣ маоши бештаре муқаррар месозанд», - гуфт ӯ.

Оқои Доварӣ афзуд, феълан музди меҳнати коргарон дар сохтмони роҳи мошингарди Шоҳон-Зиғар аз 1,4 то 2,4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.