Душанбе. 22-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Дар робита ба ошкор сохтани камбудиҳо дар фаъолияти Бонки миллии ҶТ аз ҷониби ширкати аудитории « Ernst & Young » ҳукумати ҷумҳурӣ ба қонунгузории кишвар оид ба танзими низоми бонкӣ тағйироту иловаҳо ворид хоҳад кард.

            Имрӯз дар нишасти матбуотӣ раиси БМТ Шариф Раҳимзода изҳор дошт, ки вобаста ба ин ва дар асоси пешниҳодҳои ширкати аудиторӣ ба қонунҳои мавҷуда «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» тайгйироту иловаҳо дохил карда хоҳанд шуд.

  «Ворид кардани тағйирот ба қонунҳои мавҷуда имкон медиҳад, ки идоракунии БМТ такмил дода шуда, шаффофият ва ҳуқуқи ҳамаи аъзои Раёсат таъмин карда шавад, зеро он аз ҷумла, ба ҳайати Раёсати БМТ ворид кардани шахсони мустақил – собиқадорони соҳаи бонкдорӣ, донишмандон ва олимони соҳаро дарбар мегирад», - гуфт ӯ.