Душанбе. 22-уми апрел - Дар шаҳри Алмаато бахшида ба санадҳои қонунии байналмилал ӣ дар соҳаи истифодаи захираҳои об ва имзои созишномаҳои бисёр ҷ ониба дар масъалаи истифодаи захираҳои об семинари байналхалқ ӣ баргузор гардид.

  Семинар бо ташаббуси Маркази минтақавии дипломатияи пешгирикунанда ва Комиссияи иқтисодии СММ дар Осиёи Марказ ӣ гузаронида шуд. Аз То ҷ икистон дар ин семинар сардори раёсати захираҳои об, илм ва техникаи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об Рустам Латифов ширкат варзид.

Дар семинар масъалаҳои марбут ба амал ӣ сохтани муоҳидаҳои байналмилалии марбут ба об, созишномаҳои байнидавлат ӣ мавриди баррас ӣ қарор дода, ро ҷ еъ ба та ҷ рибаи пешқадами гузаронидани гуфтушунидҳо барои имзои созишномаҳои минтақав ӣ дар масъалаи истифодаи об табодули назар карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.