Душанбе. 24-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзҳои 28-29-уми апрел дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳаи пешбурди манфиатҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки аз ҷониби бунёди рушди Оғохон дастгирӣ мешавад, дар шаҳри Душанбе семинар-тренинг   доир гардида, дар он мушкилоти роҳандозии ҳамкории дуҷонибаи ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва васоити ахбори умум мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

            Чӣ тавре ки ҳамоҳангсози лоиҳа Илҳом Нарзиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар чорабинӣ баррасии лоиҳаҳои арзишманду ҷолиб барои ВАО ва муҳокимаи иштибоҳоти маъмули ҷойдошта дар ҳамкории ТҒД ва ВАО ба нақша гирифта шудааст.

            Ба гуфтаи ӯ, дар тренинг ба машғулиятҳои амалӣ, аз ҷумла вижагиҳои инъикоси мавзӯъҳои марбут ба ҳаёти ҷомеа, таҳияи иттилоияҳо ва баргузории конфронсҳои матбуотӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад шуд.

            Семинар дар бинои маҷмааи табъу нашри шаҳри Душанбе баргузор шуда, дар он омӯзгорони факултаи журналистикаи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба ҳайси тренерон иштирок мекунанд.