Конибодом. 24-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ноҳияи Конибодом шурӯъ аз оғози соли ҷорӣ барои 2,1 ҳазор муҳоҷири меҳнатии ба ноҳия баргашта 1,6 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шуд.

            Чӣ тавре ки сарвари раёсати шаҳрии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират Анвар Маҳкамов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, шумори муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар аз ноҳияи Конибодом 24 ҳазору 368 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба моҳи декабри соли гузашта ҳазор нафар камтар аст. «Шурӯъ аз оғози сол дар ноҳия аз ҳисоби мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳҳои хурди истеҳсоли макарон, масолеҳи сохтмон, коркарди меваи хушк, таъсиси хоҷагиҳои нави деҳқонӣ ва ба соҳибкории хусусӣ машғул гардидани шаҳрвандон 1660 ҷой кории нав ташкил карда шуд», - гуфт ӯ.

            Маҳкамов афзуд, то ахири сол дар ноҳия муҳайё сохтани 2800 ҷойи кории нав ба нақша гирифта шудааст.