Душанбе. 24-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ беш аз 170 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор шуда, ҳудуди 9 ҳазор шаҳрванди кишвар бо ҷойи корӣ таъмин гардид.

            Чӣ тавре ки аз Вазорати мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ин ярмаркаҳо 2 ҳазору 681 муассисаву корхонаҳо ба шаҳрвандони бекор беш аз 65 ҳазор ҷойи корӣ пешниҳод сохтанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумори корхонаву муассисаҳои дар он иштироккарда 10 маротиба бештар шудааст.

            Бино ба иттилои манбаъ, тибқи барномаи муосидат ба шуғли аҳолӣ, солҳои 2008-2009 муҳайё сохтани 95,4 ҳазор ҷойи кории холӣ пешбинӣ гардида буд, вале бо назардошти бӯҳрони молӣ, ин рақам то 95,4 ҳазор расонида шудааст.

            Тибқи маълумоти Кумитаи омори ҶТ, ба санаи 1-уми апрели соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 45 ҳазор нафар бекорон ба қайд гирифта шудааанд.