Душанбе. 24-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ ба андозаи беш аз 75 дарсад ба иҷро расид.

            Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, нақшаи даъвати баҳории соли 2009 дар ВМКБ – 83, вилояти Хатлон – 82, Суғд – 72,2 ва НТМ – 75,3 дарсад иҷро шуд.

            «Дар шаҳри Норак ва ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Мурғоб, Зафаробод, Балҷувон, Фархор, Ховалинг ва Носири Хусрав нақшаи даъват 100 дарсад иҷро карда шуд», - афзуд Ф.Маҳмадалиев.