Душанбе. 25-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Миёни корпоратсияи «Асем Групп»-и Швейтсария ва ШСХК «Барқи тоҷик» ва ҶСК «Тоҷиктрансгаз» оид ба амалисозии низоми билингӣ шартнома ба имзо расид. Низоми мазкур аз ҷузъҳои асосии лоиҳаи коҳиши талафоти энергия мебошад, ки тавассути котиботи давлатӣ оид ба иқтисод ( SECO ) дар ҳамдастӣ бо Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ карда мешавад.

Тавре аз Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, маблағи умумии шартнома бо ширкати «Барқи тоҷик» 1,4 млн. $ ва ҶСК «Тоҷиктрансгаз» 1,15 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, ҷорӣ сохтани низоми билингӣ ба ширкатҳои мазкур имкон медиҳад, ки талафоти тиҷоратии нерӯи барқ ва газро бамаротиб коҳиш диҳанд.