Хуҷанд. 25-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - «Квотаҳои таҳсил дар макотиби олии Русия барои ҳамватанон аз Тоҷикистон ду маротиба зиёд карда шуда, 200 ҷойро ташкил дод», - гуфт дар ҷамъи рӯзноманигорон консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд Азим Ёраҳмедов.

            Номбурда изҳор дошт, соли гузашта барои суғдиён 36 ҷойи таҳсил ҷудо гардида, соли равон бошад, ба иловаи 100 ҷой боз 5 ҷой барои таҳсил дар аспирантура ҷудо карда шудааст. Ғайр аз ин, 20 сокини вилояти Суғд имкон доранд, ки дар Русия ба курсҳои бозомӯзӣ барои баланд бардоштани сатҳи тахассус дохил шаванд.  

            А.Ёраҳмедов афзуд, талабот барои интихоби довталабон донистани хуби забони русӣ, хониши хубу аъло ва хоҳиши таҳсил дар Русяи буда, инихобшудагон имтиҳон намесупоранд ва бо хобгоҳу идрорпулӣ таъмин карда хоҳанд шуд.