Душанбе. 27-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - «Пайдоиши зукоми хук дар Тоҷикистон аз эҳтимол дур аст, зеро ба ҷумҳурӣ аз Мексика гӯшти хук ворид намегардад», - мегӯяд сардухтури давлатии санитарии ҶТ, муовини вазири тандурустии кишвар Аъзам Мирзоев.

            Ба гуфтаи А.Мирзоев, чун аксари аҳолии кишвар мусулмононанду гӯшти хукро истеъмол намекунанд, ба Тоҷикистон воридоти ин навъи гӯшт ва он ҳам аз мамлакати хеле дуре аз мо чун Мексика қариб ки умуман ба назар намерасад. «Аммо агар шахси гирифтори чунин беморӣ ба Тоҷикистон ворид гардад, эҳтимолияти гирифтории дигар шаҳрвандон ба он имконпазир аст, вале чунин вазъ аз воқеият хеле дур аст», - изҳор дошт ӯ.

            А.Мирзоев қайд кард, ки ҳамаи хадамоти хизматрасонии фурудгоҳҳову истгоҳҳои роҳи оҳан аз нишонаҳои зуҳури ин беморӣ огаҳ карда шуда, дар сурати мушоҳидаи аломатҳои беморӣ, мусофир мавриди муоинаи табибон қарор хоҳад гирифт. «Чорабиниҳои мазкур дар доираи барномаи мубориза бо бемории зукоми мурғ доир мегарданд», - гуфт ӯ.

            Аз Хадамоти гумруки кишвар хабар доданд, ки ба Тоҷикистон аз Мексика ва ИМА гӯшти хук ворид намегардад ва аз оғози сол ҳодисаи воридоти ғайриқонунии гӯшт, аз ҷумла гӯшти хук аз ин кишварҳо ба қайд гирифта нашудааст.