Душанбе. 27-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Як қатор хабаргузориҳои Русия иттилоъ медиҳанд, ки Тоҷикистон масъалаи пардохти қарзи ширкати «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳи Сангтӯда-1-ро ҳаллу фасл намудааст. Ин изҳорот ҳангоми сафари ноиби сарвазири Русия Игор Сечин ба ҷумҳурӣ садо дод.

«Коммерсантъ» хабар медиҳад, ки пардохти қарз аз ҷониби Тоҷикистон, ки беш аз 10 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, имкон фароҳам месозад, то нимаи моҳи майи соли ҷорӣ агрегати охирини нерӯгоҳ мавриди истифода қарор гирад.

Гуфта мешавад, рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаригардида муовини аввали нахуствазири ҶТ дар ҳузури Игор Сечин гуфтааст, ки масъалаи пардохти қарзи ширкати «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳал шудааст. Аз ширкати «Интер РО ЕЭС» ба «Ъ» изҳор доштаанд, ки «ҷониби Тоҷикистон реҷаи пардохти қарзи мазкурро пешниҳод кардааст ва онҳо умедворанд, ки ин реҷа риоя хоҳад шуд».