Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - ҶСП «
TT
mobile
», ки таҳти тамғаи (бренди) «Хатҳои алоқаи мобилии Тоҷикистон» (МЛТ) маъруф аст, тамғаашро иваз карда, ояндаи назди ба «МегаФон» табдили ном мекунад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сарвари кулли ширкат Гулмаҳмад Қаюмов иттилоъ дод, дарҳол пас аз эълони расмии мавриди истифода қарор гирифтани бренди нав, номи ширкати «
TT
mobile
» ба ҶСП «Хатҳои алоқаи мобилии Тоҷикистон» иваз шуда, бренди МЛТ ба «МегаФон Тоҷикистон» табдили ном хоҳад кард. «Бо тағйири ном хароҷоти ширкат ба рекломдиҳӣ ба таври қобили мулоҳиза коҳиш хоҳад ёфт», - гуфт ӯ.
ҶСП «
TT
mobile
» соли 2001 таъсис дода шуда, 75 дарсади саҳмияҳои ширкат ба «МегаФон»-и Русия ва 25 дарсадаш ба оператори миллии алоқаи Тоҷикистон – ҶСК «Тоҷиктелеком» тааллуқ дорад.



Саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ: Ҳабси 27 ҷавон ва ҷаримаи 69 тани дигар
Кумитаи дин: Ифтор манъ нашудааст, вале дар он исроф накунед
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 30
Мақомоти роҳи оҳани Тоҷикистону Қазоқистон бобати рушди ҳамкориҳо ба мувофиқа расиданд
Тоҷикистону Эрон тасмим гирифтанд, ки ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро густариш диҳанд
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 феврали соли 2026
“Бебокиаш сабаб шуд, ки...”. Ёдбуди адиб Алӣ Бобоҷон дар Душанбе
Мусодираи 58 кг маводи мухаддир аз ду сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
Соли 2025 барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо 14 ҳолати ришваситонӣ ошкор шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста