Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид бо ҳайати Афғонистон таҳти роҳбарии раиси Палатаи савдову саноати ин кишвар Қурбон Муҳаммади Ҳақҷӯ масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба мариди баррасӣ қарор гирифтанд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти ПСС ҶТ иттилоъ доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ Ш.Саид изҳор доштааст, ки ба туфайли ифтитоҳи пулҳои нав дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ва роҳандозии алоқаи ҳавоӣ миёни кишварҳо, ахиран ҳаҷми муомилоти молии дуҷониба ба таври қобили мулоҳиза афзуда, ҳамчунин як қатор корхонаҳои муштарак таъсис ёфтанд.
Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омори ҶТ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон ҳудуди 40 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 24,2 дарсад камтар аст. Дар ин давра аз Тоҷикистон ба Афғонистон ба маблағи каме зиёдтар аз 16 млн. $ маҳсулот содир гардида, аз Афғонистон ба ҷумҳурии мо дар ҳаҷми ҳудуди 23 млн. $ маҳсулот ворид карда шудааст.



Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста