Ин табрикот тавассути Телевизони миллии Ӯзбекистон аз номи президент Ислом Каримов, ки тибқи маълумоти расмӣ, дар бемористон бистарӣ аст, садо дод.
Шоми дирӯз ба шаҳрвандони Ӯзбекистон табрикоти президенти ин кишвар Ислом Каримовро ба муносибати ҷашни Рӯзи истиқлолият, ки 1 сентябр таҷлил мегардад, қироат намуданд.
Дар матни интишоршудаи табрикоти Ислом Каримов дар сомонаи расмии сарвари давлати Ӯзбекистон қайд мешавад, ки «имрӯзҳо бо ёдоварӣ аз давраи гузариш ба низоми нав, мо ҳамон рӯзҳои мушкил ва озмоишҳои душвори аз сар гузаронидаамонро ба хотир меорем».
«Бо муроҷиат ба шумо, ҷавонон, фарзандони азизам гуфтаниам: ҳамеша қавиирода бошед, фардо ва оянда аз шумост!», - гуфта мешавад дар табрикот.
Ёдрас мекунем, ки қаблан хабаргузории «Фергана» доир ба марги президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов дар синни 79-солагӣ дар шаҳри Тошканд иттилоъ дода буд, вале манобеи хабаргузориҳои «Интерфакс» ва РИА «Новости» ин хабарро рад карданд.
Аллакай субҳи рӯзи душанбе, 29 август яке аз духтарони Ислом Каримов Лола Каримова дар инстаграми худ тасдиқ намуд, ки президенти Ӯзбекистон дарвоқеъ ҳам пас аз хунравӣ ба майнаи сар дар шуъбаи эҳёгарии бемористон бистарӣ буда, вазъи солимиаш устувор арзёбӣ мешавад.
Мақомоти расмии Ӯзбекистон низ марги президенти кишварашонро то ҳол тасдиқ накардаанд. Ҳамчунин сатҳи вазнинии бемории Каримов низ тасдиқ нашудааст
Баъдан сармуҳаррири АИ «Фергана» Даниил Кислов низ барои ислоҳи саҳви худ иброз дошт, ки президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов марги клиникиро аз сар гузаронда, тибқи маълумоти расмӣ айни замон дар бемористон қарор дорад.



