Ансамбли рақсии Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» бо сафари ҳунарӣ ба Қазоқистон рафт. Ҳунарнамоии ансамбл рӯзи 7 сентябр дар шаҳри Остона шурӯъ гардида, то 12 сентябр идома меёбанд. Ин сафар бо ибтикори сафоратхонаи Тоҷикистон дар Қазоқистон сурат гирифтааст.

Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Душанбе дар Остона, сафари ҳунарии ансамбли “Базморо” бо мақсади аз наздик ошно гардидани мардуми кишвари ҳамсоя бо таъриху фарҳанги тоҷикон ва рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон роҳандозӣ шудааст.

Дар ҷараёни сафар ҳунарнамоии ансамбли “Базморо” дар шабакаи телевизиони давлатии “Қазоқистон”, дар саҳнаи Акдемияи миллии хореографии Қазоқистон ва дар қабули расмии сафоратхонаи Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 25-солагии Истиқлолияти ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст.