Коршиноси тоҷик бар ин назар аст, ки тамоми қарорҳое, ки дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамӣ (СААД) қабул мешаванд, танҳо рӯи коғаз хубанду аз то ба кадом андоза пурсамар амалӣ шудани онҳо касе огаҳии хуб надорад.

«Ҳеҷ касе аз самаранокӣ ва саривақт иҷро шудани қарорҳо, ки дар сатҳи сарони кишварҳои узви СААД қабул мешавад, огаҳӣ надорад», - мегӯяд собиқадори мақомоти умури дохилӣ ва мудофиаи Тоҷикистон, ки ифшои ному насабашро лозим надонист.

Ӯ мисол овард, ки ду сол қабл дар Шӯрои сарони кишварҳои узви СААД дар бораи кумаки махсус ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон барои таҳкими имконоти он дар ҳифзи сарҳад бо Афғонистон қарори махсус қабул шуда буд.

«Аммо касе медонад, ки оё ин ин қарор иҷро шуд? Матбуот хабар ёфта буд, ки Беларус барои марзбонони тоҷик сарулибоси ҳарбӣ харида, Арманистон якчанд автомашинаҳои боркаши низомӣ медиҳад ва бо ҳамин тамом. Дар бораи уҳдадории бозигари асосии Созмон - Русия дар ин қарор умуман ҳеҷ чиз маълум нест», - гуфт коршинос.

Дар идома номбурда доир ба изҳороти сарони кишварҳои СААД моҳи декабри соли гузашта дар робита ба муқовимат ба терроризми байнулмилалӣ сухан гуфта, изҳор намуд, ки он замон афзоиши таҳдиду хатарҳо ба амнияти Осиёи Марказӣ таъкид шуда буд.

«Боз ҳам саволе ба миён меояд, ки барои пешгирии хатарҳои зикршуда дар изҳорот чӣ корҳое ба сомон расиданд, дар доираи СААД баҳри пешгирии фаъолияти Давлати исломӣ чӣ тадбирҳое андешида шуданд ё ҳамааш танҳо рӯи коғаз боқӣ монд? Ба мо, мардуми оддӣ чизе маълум нест», - таъкид дошт коршинос.

Ёдрас мекунем, ки дабири кулли СААД Николай Бордюжа имрӯз бо сафари серӯзаи корӣ ба Душанбе меояд. Дар доираи омодагӣ ба иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ӯ бо раҳбарияти олии сиёсӣ ва низомии Тоҷикистон дидору гуфтушунидҳо мекунад.