АНОНС
- Дар меҳмонхонаи «Серена» таҳти унвони «Тоҷикистони ман» намоиши аксҳо доир мегардад, ки аз ҷониби гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба муносибати 20-солагии таъсисёбии ин хабаргузорӣ ва 25-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон созмон дода мешавад. Оғоз соати 16-00;
- Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ спектакл барои кӯдакони М.Раухвергер ва Э.Калмановский «Красная шапочка» (Кулоҳчаи сурх) намоиш дода мешавад. Оғоз соати 10-00;
- Дар Маскав таҳти унвони «25 соли ИДМ: ҳусни тафоҳум, ҳамкорӣ ва рушд» форуми байнулмилалии гуманитарӣ доир мегардад.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 7.8775 сомонӣ;
1 евро – 8.7354 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.1203 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Рӯзи кормандони милитсия
1935 – Анҷумани нахустини ҷавонзанони Тоҷикистон баргузор шуд.
1935 – Таъсиси истгоҳи биологии Помири назди Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон.
1961 – Шаҳри Сталинобод ба Душанбе тағйири ном кард.
2010 — 204 нафар тоҷикистониёни синнусоли аз 11 то 30-сола, ки дар мадрасаҳои Покистон ғайриқонунӣ таҳсил доштанд, ба ватан баргардонида шуданд.
2013 — Бар асари заминларза дар Ваҳдат 118 манзил пурра ва 259 хонаи истиқоматӣ қисман хароб гардида, 12 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
1925 – Зодрӯзи профессор Маҳмадалӣ Ҳамроев.
1935-1999 – Мавлуди доктори улуми филология Аълохон Афсаҳзод.
1939 – Зодрӯзи шоираи русзабон, тарҷумон аз забони тоҷикӣ Татяна Кузовлева.
1940-1990 – Мавлуди шоири тоҷикзабони Ӯзбекистон Ҷонибек Қувноқов.
1945 — Зодрӯзи академик, доктори улуми кимиё Ӯлмас Мирсаидов.
1955 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҷумъахон Сафаров.
1959 – Мавлуди доктори улуми таърих Абдулҳаким Розиқзода.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6 рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +6+11.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +16+21, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +13+18.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар ғарб шабона -1-6, рӯзона +10+15; дар шарқ шабона -11-16, рӯзона -1+4.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +14+19, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +11+16.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +18+20.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +15+17.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +18+20.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +14+16.




Ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон. Сафорати Тоҷикистон ба шаҳрвандононаш тавсия дод, ки Эронро тарк кунанд
Вазорати корҳои хориҷии Эрон: “Бо иқтидор ҷавоби таҷовузкоронро медиҳем”
Эмомалӣ Раҳмон фармони даъвати баҳорӣ ба артишро имзо кард
Хабари муҳим барои ронандагони воситаи нақлиёт: Оғози ҷаримаи худкор барои надоштани суғуртаи ҳатмӣ ва муоинаи техникии мошин
НАВШУДА: Трамп оғози "амалиёти размӣ"-и Амрико алайҳи Эронро тасдиқ кард
Дар назди мактабҳои ноҳияи Рӯдакӣ зерсохтори бехатарӣ дар роҳ пайдо шуд
Амрикоиҳо тоҷикӣ меомӯзанд. Қиссаи тоҷике, ки дар Донишгоҳи Канзас дарси забони тоҷикӣ медиҳад
Афзоиши пешниҳоди қарз ба аҳолӣ аз сӯйи бонкҳои Тоҷикистон
Сабтиноми довталабон барои ширкат дар имтиҳони дохилшавӣ оғоз мешавад. Довталаб бояд чиро донад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 феврали ноябри соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста