Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон таҳсили динӣ дар хориҷаро зери назорати шадид гирифтаанд, аммо қонунгузорӣ таҳсилоти қонунии динӣ дар давлатҳои хориҷиро иҷозат додааст.

Чанде пештар вакилони парлумони Тоҷикистон пешниҳод карданд, ки барои таҳсили динии ғайриқонунӣ дар хориҷи кишвар волидони муҳассилин низ муҷозот карда шаванд. Бар асоси тарҳи нави тағйирот ба Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” волидон бояд пеш аз фиристодани фарзандон ба таҳсили динӣ ба хориҷа аз мақомоти давлатӣ иҷозати хаттӣ гиранд. Агар ин муқаррарот нақз шавад, тибқи қонунузории маъмурӣ волидон муҷозот хоҳанд шуд.

То ин замон тартиби гирифтани таълими динии шаҳрвандони кишварро танҳо Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» муайян менамуд. Дар банди 6-и моддаи 8-и ин қонун гуфта мешавад: “Гирифтани таълими динӣ дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар мактабҳои олии динии хориҷӣ танҳо баъд аз гирифтани таҳсилоти динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо розигии хаттии мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ва оид ба соҳаи маориф иҷозат дода мешавад”.

Дар чунин шароит, як шаҳрванди Тоҷикистон барои гирифтани таҳсилоти динӣ чӣ бояд кунад?

Талаботи асосӣ чӣ аст?

Нафаре, ки мехоҳад дар хориҷа таҳсили динӣ намояд, пеш аз ҳама бояд дар Тоҷикистон маълумоти олии динӣ гирад ва дар ин хусус ҳуҷҷати тасдиқкунанда дошта бошад. Агар ин талаботи қонунгузорӣ риоя карда нашавад, таҳсили динӣ дар давлати хориҷиро метавон фаромӯш кард.

Ба куҷо бояд муроҷиат кард?

Агар довталаб дар Тоҷикистон маълуоти олии динӣ гирифта бошад ва онро расман тасдиқ кунад, пас бояд тариқи хаттӣ ба Вазорати маориф ва илм ё Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим муроҷиат намояд. Дар ариза бояд номи донишгоҳ ва давлати хориҷӣ зикр карда шавад. Ариза пас аз қабул шудан, ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳои дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ, барои муҳокима фиристода мешавад. Ба ҳайъати ин комиссия Вазорати маориф ва илм, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд.

Пас аз муроҷиати расмӣ комиссияи мазкур тариқи сафоратхонаҳои кишвар вазъи сиёсӣ, амниятӣ ва мазҳабии давлатеро, ки донишгоҳи интихобшуда дар он ҷой воқеъ аст, меомӯзад. Ҳамчунин, дақиқ карда мешавад, ки муассисаи таълимии интихобкарда расман фаъолият дорад ё не. Агар он давлат аз нигоҳи сиёсӣ, амниятӣ ва мазҳабӣ ноустувор ва номувофиқ шуморида шавад ё муассиса ғайрирасмӣ фаъолият дошта бошад, пас комиссия хулосаи рад пешниҳод мекунад.

Кадом ҳуҷҷатҳо заруранд?

Дар Вазорати маориф ва илм намунаи ҳуҷҷатҳо барои ба хориҷ сафар кардани донишҷӯён мавҷуд аст: Тарҷумаи ҳол, маълумотнома (анкета), нусхаи шиносномаи дохилӣ, даъватнома аз ҷониби муассисаи талимӣ.

Ин ҳуҷҷатҳо низ якҷо бо ариза ба комиссияи зикршуда пешниҳод мегардад. Комиссия пас аз омӯзиши ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда, хулосаи ниҳоии худро тариқи хаттӣ пешниҳод менамояд. Дар хулоса сабаби иҷозат додан ё надодан шарҳ дода мешавад.

Дар кадом давлатҳо таҳсили динӣ гирифтан мумкин аст?

Рӯйхати мушаххаси давлатҳо ё муассисаҳои таълимии хориҷие, ки дар он ҷо таҳсилоти динӣ гирифтан иҷозат ҳаст ё не, вуҷуд надорад. Аммо тибқи маълумоти расмӣ қаблан шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил бештар давлатҳои Покистон, Миср, Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Либия, Яман, Сурияро интихоб мекарданд.

Ҳоло, дар назар аст, ки бо донишгоҳҳои исломии давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ӯзбекистон ҳамкорӣ ба роҳ монда шавад.

Дар Тоҷикистон чӣ гуна метавон таҳсили динӣ гирифт?

Дар пойтахти Тоҷикистон Донишкадаи исломӣ фаъолият дорад, ки дар он таълим дар асоси таълимоти мазҳаби Ҳанафӣ ба роҳ монда шудааст. Ин ягона муассисаи олии таълимӣ аст, ки шаҳрвандон метавонанд дар он маълумоти олии динӣ гиранд. Имрӯз дар ду факултет ва панҷ бахши ин донишкада 1200 нафар тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ таҳсил менамоянд.

Маблағи шартнома аз 3400 сомонӣ то 4800 сомонӣ аст.

Тоҷикон намехоҳанд дар хориҷа таҳсили динӣ гиранд?

Ҳарчанд заминаи қонунии таҳсили динӣ дар хориҷа мавҷуд аст, аммо тибқи маълумоте, ки аз Вазорати маориф ва илм ва Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дастрас гардид, давоми як соли охир ягон нафар барои дар давлати хориҷӣ таҳсили қонунии динӣ гирифтан муроҷиат накардааст.

Бархе аз таҳлилгарон сабаби муроҷиат накардани сокинони кишвар барои таҳсили динӣ дар хориҷи кишварро назорати шадид ва иҷоза надодани мақомоти Тоҷикистон медонанд. Аммо масъулини Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо мегӯянд, ки сабаби муроҷиат накардани шаҳрвандон барои таҳсили динӣ дар хориҷи кишвар огоҳии бештар пайдо кардани онҳо аз шароит ва талаботи таҳсил дар давлатҳои исломӣ аст. Пас аз роҳандозии маъракаи густурда оид ба баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар давлатҳои хориҷӣ таҳсили динии ғайриқонунӣ доштанд, мардум аз таҳсил дар муассисаҳои динии давлатҳои хориҷӣ худдорӣ менамоянд.