Тамоми қирғизҳои бумии Пимири Хурд ё вулусволии Вахони Афғонистон, ки рӯзҳои 13-14-уми июл аз тарси гуруҳи ба ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон фирор карда буданд, ба хонаҳояшон баргардонида шудаанд. Дар ин бора Неруҳои марзбонии Кумидаи давлатии амнити миллии Тоҷикистон дар як изҳорот хабар медиҳад.
Ин шаҳрвандони Афғонистонро рӯзҳои 17-18-уми июл ба зодгоҳашон деҳаи Андемини Вахони Афғонистон баргардонидаанд.
Интиқоли онҳо дар пайи ин сурат гирифтааст, ки ҳукумати Афғонистон масъалаи таъмини амнияти онҳоро кафолат додааст.
"345 нафар сокинони қирғизтабори деҳаи Андемини вулусволии Вахони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо чор ҳазор ҳайвонҳои хоҷагӣ ва воситаи нақлиёт, ки 13-14 июли соли ҷорӣ тавассути хати сарҳади давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта буданд, ба минтақаи зисти доимиашон, вулусволии Вахони вилояти Бадахшони ҶИА баргардонида шуданд. Интиқоли онҳо баъд аз он, ки масъалаи таъмини амнияти шахсии онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон кафолат дода шуд, ба воситаи минтақаи наздисарҳадии ҷамоати деҳоти Қизил-Работи ноҳияи Мурғоб сурат гирифт",- хабар додааст. маркази матбуоти Неруҳои марзбонии Тоҷикистон.
Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, ки дар давраи будубоши гурезагони афғон дар мавзеъҳои Чоштеппа ва Дуютуки ноҳияи Мурғоб, дар доираи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо, онҳо аз тарафи мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷойи зисти муваққатӣ, маводи ғизоӣ, сару либос ва хизматрасонии тиббӣ таъмин карда шуданд.
Ин фирориён бар пайи баъд шудани авзои амниятӣ дар Афғонистон ва ба дасти "Толибон" афтодани манотиқи зиёде ба Тоҷикистон омада буданд, ки теъдоди онҳо 91 мард, 77 зан ва 177 ноболиғ (64 писару 113 духтар) гуфта мешуд. Ҳангоми фирор ба Тоҷикистон ду кӯдаки хурдсоли ин фирориён дар роҳ вафот карда буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Пешниҳоди Рустами Эмомалиро СММ қабул кард. Акнун ҳамасола 25 май - Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста