Тоҷирони бозори "Султони Кабир" дар шаҳри Душанбе ба бозори навбунёди "Кушониён" кӯчонида мешаванд. Дар ин бора дар мулоқоте, ки бо ҳузури масъулони шаҳрдории Душанбе бо соҳибкорони бозори "Султони Кабир"и имрӯз, 17 декабр дар бозор гузашт, гуфта шуд.

Умед Гуреззода муовини раиси шаҳри Душанбе, дар ин мулоқот гуфт, аллакай бештар аз 600 соҳибкори бозори "Султони Кабир" барои рафтан ба бозори Кушониён ариза додаанд.

Ба гуфтаи ӯ, ба соҳибкорон се моҳ- аз якуми март то моҳи июн имтиёз дода мешавад, аз ҷумла онҳо аз пардохти иҷорапулии бозор ва дигар хароҷотҳо озод мебошанд.

- Бозори Кушониён омода аст аз ҳамин моҳ қабули соҳибкоронро оғоз кунад ва соҳибкорон имкон доранд аз рӯзи омадан то 1 июн иҷорапулии бозор ва дигар хароҷотҳоро дар ҷойи нав насупоранд. Соҳибкороне ки дар муҳлати ниҳоӣ – 1 март низ ба бозори “Кушониён” мераванд, онҳо низ аз пардохти ҳама хароҷотҳо озод мебошанд,- гуфт Гуреззода.

Дар вохурӣ раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Самӣ Шарифзода, раиси Бозори "Кушониен" Муҳаммадшоҳ Давлатшоҳзода, Фатҳиддин Усмонзода раиси ноҳияи Фирдавсӣ ва худи молики бозор Аваз Кабиров ширкат доранд.

Аваз Кабир дар вохурӣ аз соҳибкорон дархост кард, ки ҳарчӣ зудтар ба бозори "Кушониён" кӯч банданд, чунки дигар роҳ нест ва дар дар сурати таъхир, онҳо аз нигоҳи молӣ зарар мебинанд..

Вале гуфт, агар мехоҳанд то 1 март муҳлати ниҳоӣ дар бозор фаъолият кунанд, маблағи иҷорапулӣ ва молиётро пардохт намоянд. Дар акси ҳол масъулини бозор маҷбур мешаванд, аз муҳлати ниҳоӣ пештар дари онро ба рӯи соҳибкорон банданд. Чунки аз сабаби напардохтани маблағ онҳо аллакай зарари молӣ дида истодаанд.

Бархе аз соҳибкорон аз кӯчонидани бозор норозиятӣ карда, аз масъулин хоҳиш намуданд, ки ҳадди ақал як соли дигар иҷозат диҳанд то дар бозори "Султони Кабир" фаъолият кунанд, вале масъулин гуфтанд, ин кор ғайриимкон аст ва аллакай тасмим ниҳоӣ шудааст.

Муҳаммадшоҳ Давлатшоҳзода, роҳбари бозори “Кушониён” ҳам гуфт, барои тоҷироне, ки аз "Султони Кабир" ба "Кӯшониён" мераванд, бархе аз имтиёзҳо пешниҳод, аз ҷумла, аз ҷойи мехостаашон масоҳати бештар ва  ҳамчунин нуқтаҳои савдо аз ҷониби маъмурияти бозор дуруст карда мешавад.

- Ҳамин тариқ, рақамҳои телефонӣ боварӣ таъсис дода шуда, барои интиқоли бори соҳибкорон мошинҳои ройгон ташкил мешавад,- гуфт Давлатшоҳзода.


Тоҷирон ҳам дар ин маҷлис мехостанд фаҳманд, ки тақдири онҳое, ки дар минтақаи бозори “Султони кабир” масоҳатеро харида шахсӣ карда буданд, чӣ мешавад.

Ба ин суол касе аз масъулин посух дода натавонист ва танҳо гуфтанд ки тибқи масоҳати доштааш дар бозори нав масоҳатеро ба иҷора медиҳанд.

Бархеи дигар нигарон буданд, ки тақдири ояндаи онҳо чӣ мешавад, чунки бархе аз бонкҳо қарзодор мебошанд.

24 ноябри соли равон шаҳрдорӣ хабар дод, ки то 1 марти соли оянда фаъолияти чанд бозори калонтарини шаҳри Душанбе, аз қабили бозорҳои маъруфи “Султони Кабир” ва “Осиё” боздошта шуда бинои онҳо тахриб мешаванд.

Дар қарори дахлдор гуфта мешуд, ки фаъолияти соҳибкорон дар дигар маҳал ҷойгир карда мешаванд.

Ба ҷойи онҳо шаҳраки тиббӣ, марказҳои солимгардонӣ бо минтақаи сабзазоркунии истифодаи умум сохта мешаванд.

Гуфта мешуд, ки ин иқдом бо мақсади ба талаботи меъморию шаҳрсозии муосир, таъмини ҳаракати бемамонияти воситаҳои нақлиёт дар ин роҳҳо ва танзими давлатии савдо рӯйи даст гирифта шудааст.

Шаҳрдорӣ таъкид карда буд, ки сохтмони шаҳраки тиббӣ, марказҳои солимгардонӣ ҳанӯз дар нақшаи генералии шаҳри Душанбе аз соли 1983 таҳия ва тасдиқ шуда буд ва ҳадаф таъмини шароити мусоид ба сокинони пойтахт аст.

Соли 2020  бозори масолеҳи сохтмонии “Ҷал-Ҷам” ҳам дар шаҳри Душанбе тахриб шуда, соҳибкорон ва тоҷирони бозор ба Маркази савдои “Кӯшониён”, ки дар мавзеи наздикии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 сохта шудааст, кӯчонида шуданд. Дар ҷойи бозор сохтмони хонаҳои истиқоматии баландошёна ва меҳмонхона оғоз шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.