Дар ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд мактаберо ба номи забоншиноси пуровоза ва варзидаи тоҷик, профессор Баҳриддин Камолиддинов номгузорӣ карданд. Ин маросим, имрӯз баргузор шуд, ки дар он фарзандону пайвандони марҳум Камолиддинов, раиси ноҳияи Ашт ва шуморе аз фарҳангиёну зиёиёни ноҳияи Ашт ва вилояти Суғд ширкат карданд.

Аз ин пештар дар Ашт хиёбонеро ҳам ба ифтихори Баҳриддин Камолиддинов номгузорӣ карда буданд. 

Тасмим дар бораи ба номи Баҳриддин Камолидов номгузорӣ шудани муассисаи таълимии шумори 37-и ноҳияи Ашт пештар ҳосил шуда, вале имрӯз маросими номгузории он расман баргузор шуд.

Дар ин маросим раиси ноҳияи Ашт Шуҳрат Муҳаммадзода, собиқадори меҳнат ва шаҳрванди фахрии Хуҷанд Бахриддин Ахмедов, директори мактаб Машҳура Қодирова ва писари професори марҳум Фаридун Камолиддинов зимни суханронӣ, аз хидматҳои гаронарзиши Баҳриддин Камолиддинов барои илму фарҳанги тоҷик, хусусан рушд ва покии забони давлатӣ ёд карданд ва ӯро яке аз донишмандони тирози аввали илми забоншиносии тоҷик ном бурданд.

Гуруҳе аз фарҳангиёни Ашт дар маросими номгузории мактаб

Баҳриддин Камолиддинов аз забоншиносони маъруфи тоҷик ва устодони хушноми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд, ки соли 2020 дар авҷи бемории ҳамагири вируси куруно дар синни 85-солагӣ даргузашт.

Пештар кӯчаеро дар маркази деҳаи Понғоз, дар ҷойе, ки профессор Камолиддинов зода ва бузург шуда буд, ба ифтихори ӯ номгузорӣ карда буданд, ки ин кӯча маркази деҳаро аз даромадгоҳ он то маҳаллаи Бобои Бӯрак дар бар мегирад.
Кӯчаи ба номи профессор Камолиддинов дар Понғози Ашт

Фаридун Камолиддинов, писари Баҳриддин Камолиддинов дар расми номгузории мактаб  аз рӯзгори ширин бо падар ёдовар шуда, гуфт, ки  дӯстонам ба ман мегуфтанд, ки ба шумо фарзандон чӣ саодате насиб шудааст, ки шабу рӯз аз неъмату маҳфили устод баҳрамандед.

"Воқеан ҳам ҳамин хел буд, суҳбатҳои падарам дилнишин, пур аз панду ҳикмат ва бозарофат буданд. Аммо он на бештар аз 15-20 дақиқа давом мекард, чунки падарам китобу қаламашонро аз мо камтар дӯст намедоштанд. Баъд аз суҳбати кутоҳ, зуд ба китобҳояшон бармегаштанд, ба дарси ояндаашон омодагӣ мегирифтанд ё рисолаи шогирдеро мехонданд. Дар байни ин корашон ба саҳни хона баромада бо дарахтҳояшон машғул мешуданд. Беҳуда нагуфта буданд, ки ман агар забоншинос намешудам, ҳатман як боғбони хуб мегардидам",-бо ифтихор ёддовар шуд фарзанди профессор.

Ба ҳаёти падарам назар афканда ба хулоса омадам, ки ба воя расидани чунин шахсият, ба мисли падарам, асосан се омил доштааст:  меҳнатдӯстӣ, қавииродагӣ ва инсондӯстӣ. Ман имрӯз парвар дани чунин хислатҳоро барои мактабхонҳои ҳузурдошта тавсия медиҳам, чунки мо дар мисоли падарам дидем, ки қаҳрамонони китобҳо тахайюлӣ не, балки воқеиянд ва шахс бо меҳнати ҳалол, хислатҳои накӯву табиати поки худ метавонад ба чунин баландиҳо расад,-гуфт бо итминон Фаридун Камолиддинов.
Фариддун Камолиддинов бо Машҳура Қодирова, мудири мактаби ба номи профессор Камолиддинов

Профессор Камолиддинов 8-уми октябри соли 1935 дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ба дунё омада буд.

Фаъолияти омӯзгории ӯ баъд аз хатми Омӯзишгоҳи педагогии ш.Конибодом (1953) ба ҳайси муаллими забону адабиёти мактаби деҳаи Сарои ноҳияи Ашт оғоз ёфта, соли 1959 факултаи филологии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардаааст. Баъди хатм дар ин даргоҳи илму таълим ба кору таҳқиқ пардохта соли 1966 дар мавзӯи “Забон ва услуби ҳикояҳои Ҳаким Карим” рисолаи номзадӣ ва соли 1988 дар мавзӯи “Муродифоти наҳвӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ” рисолаи докторӣ ҳимоя мекунад. Соли 1991 унвони профессориро дарёфт мекунанд.

Синфхонаи профессор Камолиддинов дар мактбе, ки ба номи эшон номгузорӣ шудааст

Солҳои 1992-1994 ба ҳайси ноиби ректори Донишгоҳи миллӣ дар умури таълим ва то соли 2011 мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии ин донишгоҳ буданд.

Профессор Баҳриддин Камолиддинов то рӯзҳои охирини умур аз илму таълим дар факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллӣ канор нарафта, асарҳои бунёлдии илимву таҳқиқотӣ навиштаанд.

Марҳум Камолиддинов муаллифи асарҳои “Ҳаким Карим” (1965), “Забон ва услуби Ҳаким Карим” (1967), “Муродифоти синтаксисӣ ва ҳусни баён” (1986), “Муродифоти наҳвӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ” (2012), ҳаммуаллифи грамматикаи илмии академиявии забони тоҷикӣ (1985, 1989), “Масъалаҳои баҳсноки наҳви забони тоҷикӣ” (2003) ва китобҳои дарсиву дастурҳои таълимии “Услубшиносӣ” (1973, ба забони дарӣ 1978, 1985), “Маҷмӯаи машқҳои синтаксиси забони тоҷикӣ” (ҳаммуаллиф, 1976, 1981), “Услубшиносӣ” (1995, ҳаммуаллифи китоби дарсӣ барои хонандагони синфҳои 10-11), “Ҳусни баён” (1989), “Хусусияти услубии сарфу наҳви забони тоҷикӣ” (1992), “Сухан аз баҳри дигарон гӯянд” (2001, 2015), “Сухандонон сухан санҷида гӯянд” (2005), “Меъёри забони адабӣ ва забони матбуот” (2007), “Сухан гуфтию дурр суфтӣ ё рӯ ба рӯ бо микрофон” (2007), “Забони тоҷикӣ” (2007, 2015, китоби дарсӣ барои хонандагони синфи 11), “Наҳви забони тоҷикӣ” (2010, китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ), “Чанд мушкили гузоштан ё нагузоштани вергул” (2014, 2015) ва зиёда аз 170 мақолаи илмию методӣ мебошанд.

Раиси ноҳияи Ашт дар маросими номгузорӣ ҳангоми дидор бо собиқадорони мактабу маорифи Ашт

Профессор Камолиддинов барои таҳқиқоти арзишманд дар риштаи забоншиносӣ унвонҳои “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, “Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон” соҳиб шуда буданд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.