Толибон наздик ба сад хонаводаро дар Андаробҳои вилояти Бағлон, ки манотиқи тоҷикнишин мебошанду бо ин гурӯҳ дар мухолифати сахти фикриву низомӣ қарор доранд, иҷборан кӯчонидаанд. "Афғонистон интернейшнл" навиштааст, ки бино ба ёфтаҳои ин расона танҳо дар вулусволӣ (ноҳия)-ҳои Пулиҳисор ва Деҳсалоҳ 73 хонаводаро толибон маҷбур ба кӯчбандӣ кардаанд.
Толибон ин хонаводаҳои деҳқону кишоварзонро бо иттиҳомӣ ҳамкорӣ бо Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд кӯчонидаанд.
Дар Андароб чанд ноҳияе мавҷуд аст, ки дар миёни мардуми маҳаллӣ бо номи Андаробҳо маъруфанд.
"Афғонистон интернейшнл" менависад, ки бино ба иттилое, ки дар ихтиёри ин расона қарор гирифтааст, дида мешавад, ки ҳамаи ин хонаводаҳо ғайринизомиён буда, ба кишоварзӣ машғул будаанд.
Толибон ин хонаводаҳоро аз хонаҳояшон берун кардаву хонаҳояшонро ба қароргоҳҳои низомии худ табдил додаанд. Толибон ба хонаводаҳое, ки кӯч дода шудаанд, гуфтаанд, ки онҳо ҳаққи зиндагӣ дар 9 вилояти шимолии Афғонистонро надоранд.
Манбаъҳои маҳаллӣ гуфтаанд, ки Толибон ба ин хонаводаҳо ва бошандагони дигари Андаробҳо ҳушдор додаанд, ки агар хонаҳояшонро тарк накунанд, оқибати он ба дӯши худи онҳо хоҳад буд.
Пас аз авҷ гирифтани ҳамла ва ҷангҳои неруҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Панҷшер ва Андаробҳо иттилоте нашр мешавад, ки Толибон дар ин манотиқ ба қатл ва кӯч додании маҷбурии сокинони маҳаллӣ даст мезананд.

Ин кушторҳо ва кӯчҳои иҷборӣ аз сӯйи Толибон вокунишҳои зиёди дохиливу хориҷӣ дар пай дошт.
Ҳафтаи гузашта, Ричорд Бант, гузоришгари махсуси ҳуқуқи башари СММ пас аз поёни сафари 11-рӯзааш дар Афғонистон, гуфта буд, ки дар ин маврид иттилооти зиёде ба даст овардааст ва онро барои баррасӣ ба мақомоти марбути СММ расонидааст.
Аммо Толибон то имрӯз гузоришҳо дар мавриди кӯч додан ва қатли бошандагони Панҷшеру Бағлонро рад мекунанд.




Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 марти соли 2026
Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста