Нур Табар, рӯзноманигор, драматург, нависанда ва ходими намоёни давлативу ҷамъиятии тоҷик, дирӯз, 14 август дар синни 81-солагӣ дунёро тарк кард.
Дар ин бора духтари ӯ Дилбар Табарова тарийи шабакаи иҷтимоии Фейсбук иттилоъ дод.
Нур Табар (Нурмуҳаммад Табаров) 15 июли соли 1941 дар деҳаи Ғешии ноҳияи Кофарниҳон (Ваҳдат) ба дунё омадааст. Соли 1962 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, соли 1970 шӯъбаи рӯзноманигории Мактаби олии ҳизбии Маскавро ба итмом расондааст.
Фаъолияти меҳнатии худро аз фаъолият дар матбуот оғоз карда, солҳои тӯлонӣ корманди матбуот, аз ҷумла, ходими адабӣ, котиби масъул, ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», хабарнигори махсуси рӯзномаи «Комсомольская правда» дар Тоҷикистон, муҳаррири рӯзномаи «Комсомолец Таджикистана», муҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», котиби масъули ҳафтаномаи «Сухан», муҳаррири ҳафтаномаи «Навиди бозаргон», ҷонишини муҳаррири моҳномаҳои «Фарҳанг»-у «Тоҷикистон» будааст.
Ҳамчунин, ӯ бо корҳои давлативу сиёсӣ низ машғул шуда, дар вазифаҳои мудири шӯъбаи тарғиботи Кумитаи ҳизбии шаҳри Душанбе ва мудири шӯъбаи маданияти КМ ПК Тоҷикистон фаъолият кардааст. Солҳои 1987-1990 депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон буд.
Пас аз барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлолии Тоҷикистон Нур Табар чанд сол дар вазифаи вазири фарҳанги Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Ӯ инчунин, раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон буд.
Нур Табар муаллифи беш аз понздаҳ маҷмӯаи ҳикояву намоишнома ва очерку мақолаҳост. Аз соли 1960 ба эҷоди бадеӣ шуғл варзида, осори мансуру драмавии ӯ дар маҷмӯаҳои «Роҳҳои дуру наздик» (1977), «Ин баҳор чӣ меорад?» (1983), «Дарёи нур» (ҳамроҳи Раҷаб Мардон; (1985), «Дар чорсӯ» (1986), «Чорсӯ» (2000) ва ғайра дастраси хонандагон гардидаанд.
Драмаи «Дар чорсӯ» (1985) дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Театри давлатии академии драмавии ба номи Мулло Нафаси Ашқобод, театрҳои Кӯлобу Хуҷанд саҳнагузорӣ шудааст.
Пйесаи «Мусичаро напаррон» (1987), драмаҳои таърихии "Қисмат (1997), «Дод чист, бедод чист?» («Паёми Зардушт»; 2001), «Жернова» (2003) ва фоҷиаи хурди «Тарс» (1998) дар маҷаллаҳои «Садои Шарқ», «Фонус», «Помир» ва «Тамыр» (нашрияи Созмони «Золотой век»-и Ҷумҳурии Қазоқистон) ба табъ расидаанд. Драмаи «Жернова» («Санги осиё») дар маҷмӯаи осори адибони Осиёи Миёна «Все мы, Азия, твои дети!» (2003) ҷой дода шудааст.
Драмаҳои «Кафшҳои Абулқосим» (1982), «Охота на ведьм» («Шикори аҷинаҳо»; ҳамроҳи Т. Аҳмадхонов ва С. Юрев), «Дод чист, бедод чист?» («Паёми Зардушт»; 2001), «Последний вагон» («Вагони охирин»; 2001), фоҷиаиномаҳои «Тарс» (1998) ва «Хӯсаҳо» (2003) дар Театрҳои ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Вл. Маяковский пешкаши умум гардидаанд.
Соли 1999 Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ операи Толиб Шаҳидӣ «Амир Исмоил»-ро аз рӯи либреттои Нур Табар ва Низом Қосим ба саҳна гузоштааст.
Драмаи мусиқӣ-этнографии ӯ «Духтари ҳамсоя» (ҳамроҳи Ҳ. Абдураззоқов ва М. Миров) соли 2001 дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии театрҳо сазовори баҳои шоистаи ширкатварон гардидааст.
Асарҳои А. Чехов «Се хоҳарон», И. Франко «Кафшҳои Абулқосим» (ҳамроҳи Л. Сотник), А. Чхеидзе «Вақте ки шаҳр хуфта буд», М. Шатров «Лавҳаҳои инқилобӣ», «Ба пеш, ба пеш!», А. Абдулин «Вопасин падаршоҳ», Ҳ. Синкер «Аждар Мартин», Т. Зулфиқоров «Шабпарак хоб дид», С. Хонзодян «Манзили сӯхта», шеърҳои мансури И. Тургенев, романи Г. Марков «Шарбати замин» (ҳамроҳи М. Шаҳобиддинов), «Панднома»-и Абайро ба тоҷикӣ гардондааст.
Нур Табар ҳамчунин, барандаи ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ буд.
Вазорати нақлиёти Русия пешниҳод мекунад, ки дар Тоҷикистон марказҳои захираи бор сохта шавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Кайфари паймоншиканӣ”
Азобу машаққати пахтакорӣ. Деҳқонон умеде надоранд, ки фоидаи зиёд мегиранд
Кадом дастаҳо ба финали Ҷоми футболи Тоҷикистон баромаданд?
Эмомалӣ Раҳмон ва Валентина Матвиенко дар чӣ бора суҳбат карданд?
“Аз номам сӯиистифода мекунанд”. Саидмурод Давлатов дар бораи қаллобон ва дуруст сарватманд шудан суҳбат кард
“Дар гулӯяш теғ гузошта, пул гирифт”. ВКД аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки дар Русия муҳоҷирони тоҷикро ғорат мекардаанд
Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар кард
8 сабаби асосии ихроҷи шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия
Гармидиҳӣ дар Душанбе. Имсол кадом иншоот бо гармӣ таъмин мешаванд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста