14-уми сентябр
🔸Cоати 07:15 Сарҳадбонони пости сарҳадии «Булакбошӣ»-и отряди сарҳадии Боткони Қирғизистон ба дидбонгоҳи сарҳадии «Кех»-и отряди сарҳадии Исфараи Тоҷикистон, бе ягон сабаб, аз миномёт 4 гулӯла парронда, мавқеи сарҳадбонони тоҷикро бо истифода аз силоҳҳои ПК, АК ва дигар аслиҳаи оташфишон мавриди ҳамла қарор доданд.
🔸Соати 13:30 Оғози тирпарранӣ дар мавзеи Чорқишлоқи шаҳри Исфара.
🔸Пас аз нисфирӯзӣ. Тирпарронии сеюм дар ҳудуди ҷамоати Чоркӯҳ.
🔸Соати 16:00 Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Абдукарим Олимбоев, раиси вилояти Бодканд ва оғози музокирот.
🔸Соати 19:40 Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд эълон мекунад, ки вазъ ором аст ва қувваҳо ба ҳолати пешина оварда шуданд.
Пайомади даргирии рӯзи 14-уми сентябр: 2 сарбози тоҷик куштаву 11 нафар, бо шумули 6 марзбон ва 5 сокини осоишта ҷароҳат бардоштанд. Аз ҷониби Қирғизистон 2 сарбоз ва 2 сокини осоишта захмӣ шуданд.
16-уми сентябр
🔸Соати 04:50 Сарҳадбонони дидбонгоҳи сарҳадии «Коктош»-и отряди сарҳадии Боткени Қирғизистон бо истифода аз силоҳҳои вазнин дидбонгоҳи сарҳадии «Душанбе»-и отряди сарҳадии Исфараи Тоҷикистонро гулӯлаборон карданд. Нерӯҳои Қирғизистон деҳаҳои Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён, Кулканди шаҳри Исфара, Хистеварз ва Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро мавриди ҳамла қарор доданд.
🔸Соати 06:30 Ҷонибҳо барои эълони оташбас созиш мекунанд, аммо ба зудӣ ҳар ду ҷониб ҳамдигарро ба риоя накардани оташбас ва идомаи тирпарронӣ гунаҳкор мекунанд.
🔸Соати 07:30 Ҷонибҳо бори дигар барои эълони оташбас созиш мекунанд.
🔸Соати 07:44 Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон бо нашри изҳорот ҷониби Қирғизистонро ба вайрон кардани созиши оташбас гунаҳкор мекунад.
🔸Суҳбати телефонии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев.
🔸Суҳбати телефонии сардори Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва сардори Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Қирғизистон Уларбек Шаршеев.
🔸Соати 09:00 Дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай оғоз мегардад, ки дар он Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов иштирок доранд.
🔸Соати 09:33 КДАМ-и Қирғизистон изҳор менамояд, ки Тоҷикистон вазъро идора намекунад.
🔸Соати 10:19 Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон бо нашри изҳорот мегӯяд, ки дар тамоми самтҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон даргириҳо идома дошта, қувваҳои низомии Қирғизистон аз тамоми намуди силоҳҳои вазнину оташфишони дар ихтиёрашон қарордошта деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон, иншооти мулкӣ ва хонаҳои истиқоматкунандагонро таҳти гулулаандозӣ ва тирпарронӣ қарор додаанд.
🔸Соати 10:29 Вазорати тандурустии Қирғизистон аз захмӣ шудани 11 нафар иттилоъ медиҳад.
🔸Соати 10:44. Дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Станислав Зас ба котибони Шӯрои амнияти Тоқикистону Қирғизистон занг зада, ба эълони оташбас даъват мекунад.
🔸Соати 10:55 Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нотаи эътирозӣ месупорад.
🔸Соати 11:16 Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон бори дигар изҳорот нашр карда, таъкид намуд, ки кӯшишҳо ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият дар марз то соати 11:10 натиҷа надод ва тарафи Қирғизистон муноқишаҳои мусаллаҳонаро идома медиҳад.
🔸Соати 11:18 Мулоқоти Саймумин Ятимов, раиси КДАМ-и Тоҷикистон ва Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон дар дидбонгоҳи гумрукии "Равод", дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон. Эълони созиши оташбас.
🔸Соати 17:12 Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва Содир Ҷабборов, Президенти Қирғизистон дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон. Роҳбарони давлатҳо дар бораи таъсиси комиссия оид ба таҳқиқи сабабҳои ҳодисаи мусаллаҳона ба мувофиқа расид, ба ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ дастур медиҳанд, ки фаъолияти он, аз ҷумла фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои топографӣ ва ҳуқуқӣ, фаъол гардонида шавад. Онҳо эълон мекунанд, ки ҳамаи масъалаҳои бамиёномада бояд танҳо бо роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал карда шаванд.
🔸Соати 17:12 Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон бори 5-ум изҳорот нашр карда, мегӯяд, ки новобаста аз баргузории вохӯрии роҳбарони аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва эълони оташбас, бо гузашти якуним соат, ҷониби Қирғизистон ба самти минтақаҳои Овчи-Қалъачаи ноҳия Б.Ғафуров, Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара аз силоҳҳои гурӯҳӣ ва техникаҳои ҳарбӣ тирпаррониро дубора оғоз кард.
🔸Соати 17:21 КДАМ-и Қирғизистон аз қатъ нагардидани тирпарронӣ иттилоъ дод.
🔸Соати 18:45 Ҷаласаи изтирории Шӯрои амнияти Қирғизистон ба кори худ оғоз мекунад.
🔸Соати 20:33 Содир Ҷабборов ба мақомоти дахлдори кишвараш дастур дод, ки барои таъмини амнияти сокинон наздисарҳадӣ ва кӯмак ба аҳолии зарардида чора андешанд.
🔸Соати 22:33 Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз катъи тирпарронӣ иттилоъ медиҳад, аммо мегӯяд, вазъ мушкил боқӣ мемонад.
Пайомади даргирии рӯзи 16-уми сентябр ба ҳолати 23:59 пурра маълум нест. Ҷониби Тоҷикистон расман ҳеҷ иттилое дар бораи оқибатҳои задухӯрд интишор накардааст. Мақомоти Қирғизистон эълон кард, ки зарардидагон зиёд аст, аммо дақиқан нагуфт, ки чанд нафар куштаву чанд нафар захмӣ шудаанд.
17-уми сентябр
🔸Соати 01:30 Вазорати тандурустии Қирғизистон расман эълон кард, ки дар пайи задухӯрди мусаллаҳона дар марз 24 нафар қирғизистонӣ кушта шуда, 87 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Гармидиҳӣ дар Душанбе. Имсол кадом иншоот бо гармӣ таъмин мешаванд?
Нишасти парлумонии Тоҷикистону Русия. Кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Диду боздиди Муҳаммадбоқир Қолибоф бо Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ. Чӣ масъалаҳо баррасӣ шуданд?
НБО-ҳо бартариятро аз даст медиҳанд? Истеҳсоли неруи офтобӣ ва бодӣ афзоиш меёбад
Қурби рубл нисбат ба сомонӣ то сатҳи як соли пеш поин рафт
Ифтитоҳи Маркази шуғли фосилавӣ дар Шуғнон
“Ҳар кас фалаксаро шуда наметавонад”. Мусоҳиба бо фалаксарои ҷавони тоҷик Манучеҳр Бурҳонов
“Бо табар якеро захмӣ кард”. Муноқишаи хонандагони ду мактаб дар Душанбе
Ба ҷойи ҳаҷ. Сокинони Шаҳристон роҳ ва дар мактабҳо ошхона сохтанд
Дар мусобиқаи ҷаҳонии “Abu-Dhabi Grand Slam - 2024” Тоҷикистонро 6 ҷудокор муаррифӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста