Имрӯз аз оғози таҷовузи мусаллаҳонаи Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон 20 рӯз гузашт ва ҷониби Тоҷикистон аз комилан хароб шудани 85 хона ва осебпазир гардидани бештар аз 180 оила дар даргириҳо хабар доданд.
Музаффар Юсуфзод, сухангӯи раиси вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфт, дар шаҳри Исфара 69 хонаву 90 оила аз ҳамлаи мусаллаҳонаи сарбозони Қирғизистон зарар дидаанд.
Ҳамзамон, ӯ иттилоъ дод, ки дар Ҷамоати Хистеварзи деҳаи Овчиқалъача дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 16 хана комилан ба хок яксон шуда, 90 манзили дигар қисаман зарар дидааст.
Ба гуфтаи Музаффар Юсуфзод, дар шаҳри Исфара айни замон Ситоди вилоятӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои муноқишаҳои наздисарҳадӣ фаъолият дошта, бартарафкунии оқибатҳои даргириҳо идома дорад.
“Барои анҷоми сохтмони манзилҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат семент, шифер, арматура, хишт, тахта ва дигар масолеҳи сохтмонӣ дастрас гардидааст. Дар ин баробар, ҳукумати вилояти Суғд ва мақомоти маҳаллаҳои зараридада ба таври ҷудогона масолеҳи сохтмонӣ ва ҳама намуди лавозимоти заруриро таъмин менамоянд. Соҳибкорон низ аз ин ташаббус ҷудо нестанд”, - гуфт сухангӯи раиси вилояти Суғд.
Музаффар Юсуфзод афзуд, ки тақсимоти масолеҳи сохтмонӣ ба сокинони зарардида ва таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ таҳти таваҷҷуҳи Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоияти Суғд қарор дорад.
Ба гуфтаи ӯ, барои шаҳрвандони зарардида то ибтидои моҳи ноябр хонаҳои истиқоматӣ аз нав бунёд карда мешаванд ва Раҷаббой Аҳмадзода барои тақвияти корҳои барқарорсозӣ ва бунёди ҳарчи зудтари манзилҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, дар натиҷаи муноқиша дар марз, дар вилояти Бодканд, ки ҳаммарз бо вилояти Суғд аст, 321 хона, ҳафт мактабу панҷ кӯдакистон ва дигар иншооти мулкӣ осеб дидаанд. Қирғизистон зарари молияшро 18 млн. доллар эълон кардааст.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста