Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ як гардишгари рус ва ҳамасафари тоҷикаш, ки  дар кӯҳҳои назди деҳаи Варзобқалъаи ноҳияи Варзоб бенишон гардида буданд, наҷот доданд. Ин дуюмин ҳодиса дар зарфи як моҳи охир аст, ки сайёҳони рус дар ҳамин мавзеъ дармемонанд ва имкони поин шудан наёфта, аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода кӯмак мепурсанд.

Бино ба иттилои КҲФ, ҳодиса рӯзи 14-уми октябр рух дода, ба қисми навбатдории Кумита як шаҳрвандони дигари Русия дар мавриди ҳодисаи мазкур хабар додааст.

«Субҳи рӯзи 15-уми октябр, соати 06:00 гардишгари рус Тулаев Иля Владимировичи 34-сола ва роҳбалади ӯ, ҷавони тоҷики 28-соларо дар баландии 2850 метр аз сатҳи баҳр пайдо ва беосеб поин овардаанд», - менависад манбаъ.

Хотиррасон мекунем, ки ин дуввуним ҳодисаи дармондани гардишгарони мебошад. Моҳи гузашта, 25-уми сентябр низ се гардишгар дар кӯҳи деҳаи Варзобқалъаи ноҳияи Варзоб ба фалокат дучор омадаву яке ҳангоми афтодан маъюб шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.