Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо имзои қарори хоса вуруди мошинҳои мусофиркаш ва боркашро аз самти вилояти Суғд ба пойтахт манъ кард. Дар ин бора Ҷамшед Олимзода, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе иттилоъ дод.
Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе сар аз имрӯз, 21-уми октябр, тамоми мошинҳои мусофирбар, ки аз самти вилояти Суғд меоянд, дар терминали навбунёди “Чорбоғ” таваққуф мекунанд ва ҳамин тавр, аз ин терминал мусофир гирифта ба самти вилояти Суғд бармегарданд. Терминали мазкур дар даромадгоҳи шимолии пойтахт бунёд гардидааст.
Қаблан мошинҳои мусофирбари самти вилояти Суғд бо мусофирони худ вориди шаҳр гардида, дар аксар ҳолат мусофирони хешро то ба манзил мерасониданд. Ҳангоми бозгашт, онҳо аз терминали “Маром”, воқеъ дар наздикии корхонаи “Сементи тоҷик” мусофир мегирифтанд.
Ин муқаррарот ба мошинҳои калонҳаҷм низ дахл дорад ва минбаъд онҳо низ наметавонанд вориди Душанбе гарданд.
Сабаби иқдоми мазкурро Ҷамшед Олимзода кам кардани тамбашавии мошинҳо дар даромадгоҳи Душанбе намид.
Тибқи қарори нави раиси шаҳри Душанбе, ҳамчунин, нуқтаи охири хатсайрҳои микроавтобусии №52, №19 ва хатсайрҳои автобусии №3, №29 ва №41 аз терминали “Маром” ба терминали “Чорбоғ” иваз карда шудааст.
Дар робита ба ин, шаҳрдории Душанбе аз сокинон ва меҳмонони пойтахт, инчунин, ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбари самти ноҳияи Варзоб ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд хоҳиш мекунад, ки минбаъд аз хидматрасонии терминали “Чорбоғ” истифода намоянд.
Оила – макони меҳрубонӣ (чандрасонаӣ)
Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев дар шимоли Тоҷикистон мулоқот карданд
Чин эътимодномаи сафири Толибонро пазируфтааст
Кӣ метавонад дар ҳалли баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон миёнарав бошад?
Суғд: Беш аз 100 кӯдаки гирифтори ВНМО кумакпулӣ мегиранд
“Омӯзгорон муваққатӣ дар хобгоҳ мезистанд”. Шарҳи қазияи аз хобгоҳ рондани омӯзгорони Донишкадаи омӯзгорӣ дар Рашт
Дар Тоҷикистон муайян мекунанд, ки сокинон ба кадом расона афзалият медиҳанд
FMFB MOBILE. Замимаи нави мобилӣ бо сохтор ва намуди муосир
“Душанбе, атри Кобулҷон”. Ва ё чаро дар 20 сол низоми давлатдории Афғонистон устувор нашуд?
Раиси КДАМ-и Қирғизистон: Ҳамаи фоҳишахонаҳоро ошкор кунед ва бандед
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста