Се ноболиғи 6-сола, 10-сола ва 13-сола дар ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара аз дуди ангишт заҳролуд шуда, фавтидаанд. Дар ин бора Тайибидин Мухамедов, сардухтури Беморхонаи марказии шаҳри Исфара ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Ӯ гуфт, кӯдакон дар пайи дуди ангишт ба беморхона интиқол наёфта, дар ҷои ҳодиса фавтидаанд.
Номбурда афзуд, танҳо модарашон Гулрухсор Яҳёхӯҷаева дар бемористон бистарӣ буда, зери табобати духтурон аст ва вазъи саломатиаш вазнин аст.
Азизов Абдухолиқ, роҳбари Кӯмаки аввалият тибии санитарӣ (КАТС)-и шаҳри Исфара дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, кӯдакон сокинони ҷамоати деҳоти Навгилем буда, онҳоро 19-уми феврал дар оромгоҳи Тӯхтақули Исфара ба хок супурданд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳодиса дар хонаи модари Гулрухсор Яҳёхӯҷаева, дар деҳаи Чорқишлоқи Исфара рух додааст. Муслиҳиддин, падари хонавода дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор дошт.
Ёдовар мешавем, ки дар бораи фавти се нобилиғ аз дуди ангишт аввалин шуда Марҳабо Мусодухт, як сокини шаҳри Исфара дар саҳифаи фейсбукаш хабар дод ва гуфт, “шаби 19 феврали соли 2023 дар ҷамоати Навгилем се фарзанди хурдсоли як оила, ки 13 сола, 10 сола ва 6 сола буданд, аз дуди ангишт заҳролуд шуда, ба ҳалокат расидаанд”.
Бояд гуфт, ки ҳар сол бо фаро расидани ҳавои сард сокинони рустоҳои Тоҷикистон хонаҳои худро бо ҳезуму ангишт гарм мекунанд. Дар баъзе маврид риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ боиси заҳролудшавии сокинон мегардад.
Аз ҷумла шаби 19-уми январ дар деҳаи Гулрези ноҳияи Хуросон бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт се нафар ҷон бохтанд.
Ҳамчунин, рӯзи 22-юми январ як зану шавҳари ҷавон дар дохили ҳаммом аз дуди ангишт ҷон доданд.
Дар чунин як ҳодиса дар деҳаи Қалъаи Дӯст, ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд марди 80-солае фавтида буд.
Барои кадом амалҳо дар интернет шуморо метавонанд дар Русия ҳабс кунанд?
Дар Душанбе ба мардуми Эрон ҳамдардӣ баён карданд
Зарари офатҳои табиии рӯзи гузашта дар Тоҷикистон
Чаро дар Тоҷикистон сим-кортҳои кӯдакона нест?
Ҳудуди 100 сарбозу афсари Тоҷикистон дар гузашти низомии Ҷашни Ғалаба дар Маскав ширкат мекунанд
Парвандаи гумонбарони асосии ҳамла ба “Крокус” моҳи июн ба додгоҳ фиристода мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 8
Пешниҳоди як вакили рус. Муҳоҷироне, ки ҳузури худро бо пора қонунӣ кардаанд, ихроҷ кунед
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2025
Муҳлати қонунигардонии будубош дар Русия то сентябр тамдид шуд. Посух ба муҳимтарин саволҳо
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста