Дар кишвар нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 63 дарсад иҷро шудааст, хабар медиҳад сомонаи Вазорати мудофиа.
Ба навиштаи манбаъ, аввалин шуда нақшаи даъватро шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) иҷро кардаанд.
Бояд гуфт, ки чанд соли охир ВМКБ қабл аз ҳама нақшаи даъватро иҷро мекунад.
Дар шаҳри Душанбе низ нақшаи даъват ба сафи Артиш пурра ба анҷом расидааст.
Миёни шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Сангвору шаҳри Ваҳдат низ нақшаи даъватро пурра иҷро кардаанд. Дар умум, дар ин минтақа то имрӯз наздики 70 дарсад нақшаи даъват иҷро шудааст.
Дар вилояти Хатлон бошад, ноҳияҳои Вахш, Фархор ва Данғара аз аввалин шуда нақшаи даъватро ба анҷом расонидаанд. Дар миқёси вилоят бошад, нақша наздик ба 60 дарсад иҷро гардидааст.
Вилояти Суғд камтар аз ҳама - 45 дарсади нақшаи даъватро иҷро кардааст.
Бояд гуфт, ки даъвати баҳорӣ дар кишвар ҳамасола аз 1-уми апрел оғоз шуда, то охири моҳи май идома меёбад.
Даъвати тирамоҳӣ бошад, моҳи октябр оғоз мешавад ва охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.
Ҳамчунин, дар Тоҷикистон хидмати алтернативӣ низ мавҷуд аст.
Соли 2021 парлумони Тоҷикистон дар таҳрири нав Қонуни ҶТ “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”-ро қабул кард, ки тибқи он аз ин ба баъд шаҳрвандони синни ҳарбӣ бо пардохти маблағи муайян метавонанд дар сафи Артиш хидмати ҳарбии якмоҳаро гузаранд.
Арзиши хидмати алтернативӣ дар артиш 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда 68 сомонӣ) мебошад.
Қабули шаҳрвандон ба хизмати алтернативии ҳарбӣ дар доираи квотаи муқарраршуда сурат мегирад ва дар сурати муроҷиати шумораи бештари даъватшавандагон, онҳо метавонанд дар даъвати навбатӣ ба хидмат ҷалб карда шаванд.
Дар семоҳаи аввали сол ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон кам шуд
Дар Тоҷикистон 17 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд
Як духтари 10-сола дар дарёи Вахш ғарқ шудааст. Наздиконаш барои дарёфти ӯ мадад мепурсанд
Муборизаи 128 варзишгар барои дарёфти ҷоми шаҳрдори Душанбе
“Парасту-2025”. Намоишномаҳои “Ахтаре дар Хатлонзамин” ва “Келини ҷойдорӣ” ба бинанда чӣ паём доштанд?
"Толибон" дар Русия дигар созмони террористӣ нест. Додгоҳ ин гурӯҳро аз рӯйхати созмонҳои мамнуъ берун кард
Муҳоҷирон аз ҳисоби супоридани имтиҳон ба буҷаи Русия 2,5 млрд рубл фоида овардаанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 1
Омӯзгорону табибон аз ҳуқуқи имтиёзноки дарёфти иҷозаи зист дар Русия маҳрум шуданд
Хонаҳои вайроншуда то 1 ноябр сохта шаванд. Ҷаласаи ғайринавбатии ҳукумат дар робита ба заминҷунбӣ дар Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста