Имрӯз вакилони парлумон се созишнома оид ба истирдод, бозпас додани маҳкумшудагон ва ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ миёни Тоҷикистон ва Қатарро ба тасвиб расониданд.

Ба иттилои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, имрӯз таҳти раёсати Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон иҷлосияи панҷуми палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид.

Дар ин иҷлосия се созишнома миёни Тоҷикистон ва Қатар ба тасвид расид:

- Созишномаи истирдод байни Тоҷикистон ва Қатар;

- Созишнома дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо байни Тоҷикистон ва Қатар;

- Созишнома дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ байни Тоҷикистон ва Қатар

Инчунин, дар ин иҷлосия аз ҷониби вакилони парлумон Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи “НБО Роғун” байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд ба тасвиб расидааст.

Вакилони парлумон ҳамзамон лоиҳаи Қонун “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”-ро мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҳам ба тасвиб расонидаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.