Пас аз 20 рӯз аз нопадид шудани Сафияхон Раҳматова, духтараки 10-сола аз шаҳри Хуҷанд, корҳои ҷустуҷӯӣ ҳамоно идома дорад. Падари духтараки нопадидшуда аз паҳн шудани ҳар гуна овозаҳо дар атрофи қазияи духтараш нигаронӣ мекунад. Роҳбари Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода таъкид мекунад, ки новобаста ба вазъи ҳаво, ҷустуҷӯи Сафияхон идома дорад.
Сафияхон Раҳматова 7-уми феврали соли 2024 бедарак шуд. Охирин маротиба ӯ дар наворе, ки аз кӯчаи Раҳмон Набиев, назди боғи Камоли Хуҷандӣ, лаби дарёи Сир бардошта шудааст, дида мешавад. Хонаи онҳо дар ин мавзеъ воқеъ аст. Дар он навор мушоҳида мешавад, ки духтараке дар канори роҳ медавад ва ба соҳили дарёи Сир мефарояд. Пас аз ин, Сафияхон нопадид мегардад.
Бо гузашти 20 рӯз аз ин ҳодиса, Саидаъзамхон Раҳматов, падари Сафияхон Раҳматова ба “Asia-Plus” гуфт, духтарашро ғаввосони Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Хуҷанд, мақомоти дигари дахлдор ва ҳатто ихтиёриён ҷустуҷӯ доранд, аммо аз ӯ дараке нест.
Ӯ овозаҳо дар бораи ҷалби ғаввосон аз хориҷаро рад карда, зикр намуд, ки аз паҳн шудани чунин хабарҳо нигарон аст.
“Ба тақдир тан додам... Аз паҳн шудани ҳар гуна овозаҳо дар атрофи қазияи духтарам нигаронам. Мо аз хориҷа ғаввос наовардем. Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодаи шаҳру вилоят ҷустуҷӯро давом медиҳанд”, - гуфт Саидаъзамхон Раҳматов.
Мирзораҳим Абдуллоев, сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Хуҷанд гуфт, ки 8 ғаввоси дастаи зудамал аз бахши шаҳрӣ ва вилоятӣ ҳатто новобаста ба вазъи ҳаво Сафияхонро ҷустуҷӯ доранд. Ӯ ҳам таъкид кард, ки аз хириҷа ғаввос ҷалб нашудааст.
“Бори дигар таъкид мекунам, ки ҷустуҷӯро то пайдо шудани Сафияхон идома медиҳем. Беҳтарин мутахассисон ҷалб шудаанд”, - гуфт Мирзораҳим Абдуллоев.
Қаблан Ҷамшед Кӯчаков, муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд гуфта буд, ки ғаввосони ин ниҳод ҷустуҷӯро дар дарёи Сир то сарҳади Ӯзбекистон идома додаанд, аммо духтаракро пайдо накардаанд.
Он замоне Ҷамшед Кӯчаков гуфта буд, ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки духтарак дар дарёи Сир ғарқ нашуда бошад. Зеро ғайр аз навори ба соҳили дарё фаромадани духтарак, дигар далели ғарқ шудани ӯ дар даст нест.
Аммо волидони Сафияхон зикр карда буданд, ки духтарашон дар дарёи Сир ғарқ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, барои пайдо кардани Сафияхон Раҳматова мақомоти дигар, аз ҷумла кормандони милитсия ва тафтишоти шаҳр ҳам ҳамроҳ шудаанд. Ҳамчунин, ихтиёриён ҳам духтараки гумшударо ҷустуҷӯ мекунанд.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста