Кумитаи андози Тоҷикистон номи сарояндагони дар назди буҷет қарздорро нашр кардааст. Ҳоло қарзи андоз аз ҳисоби сарояндагон 502 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба 1-уми январи соли 2024-ум 68 ҳазор сомонӣ кам шудааст.
Рӯйхати онҳоро дар рӯзномаи “Боҷу хироҷ”, нашрияи расмии ин ниҳод дар саҳифаи фейсбукаш нашр кардааст.
Кумитаи андоз сабаби асосии қарздории сарояндагонро “паст будани маърифати андозсупорӣ ва дар муҳлатҳои муқарраргардидаи қонунгузории андоз ба таври дахлдор ва пурра иҷро нашудани уҳдадориҳои андозӣ аз ҷониби сарояндагон” маънидод кардааст.
Ин ниҳод гуфтааст, аксари сарояндагоне, ки дари назди буҷети давлат қарздоранд, “дар чорабиниҳои фарҳангиву сатҳи давлатӣ иштироки фаъол дошта, дар васфи Ватан ва ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ шеъру тарона мехонанд ва худро ватанхоҳу ватанпараст нишон медиҳанд”.
“Дӯст доштани меҳан ва хидмат ба он қарзи ҷонии ҳар як шаҳрванди мамлакат аст ва ҳама дар рушду шукуфоии он бояд масъулу саҳмгузор бошанд. Аз ин нуқтаи назар, ҳунармандон низ баробари ватанхоҳиву ватансароӣ бояд ба пардохти андозҳои муқарраршуда таваҷҷуҳ дошта бошанд”, - гуфтааст Кумитаи андоз.
Манбаъ нигаронӣ кардаст, ки рӯз аз рӯз, теъдоди ҳунармандон (сарояндагону навозандагон ва раққосон)-и аз андоз қарздор меафзояд.

Кумитаи андоз мегӯяд, “сарояндаҳо набояд бо боҳонаҳои фаъолият карданашон дар муассисаҳои давлатии фарҳангӣ ва ба таври доимӣ иштирок кардан дар чорабиниҳои давлатӣ” қонунгузории андозро поймол кунанд.
“Вақте чунин шахсон, ки худро мардуми бофарҳанг ҳисобида, дар сурудҳояшон аз дӯстдории Ватану ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти он сухан мекунанду вале аз пардохти андозҳо саркашӣ мекунанд, дигар аз мардуми одӣ чиро метавон интизор шуд? Ҳамон гунае, ки ҳама дар назди қонун баробаранд, пас дар пардохти андозҳо низ ҳама бояд баробар бошанд”, - хулоса кардааст мақомоти андози кишвар.
Назари худи ҳунармандон дар робита ба иддаои Кумитаи андоз ҳоло маълум нест. Ҳарчанд, аз ин пештар ҳам мақомоти андоз рӯихати овозхонҳои аз андоз қарздорро нашр карда буд ва худи онҳо онро рад карда гуфта буданд, ки андозҳоро пардохт мекунанд.
Овозхонӣ дар Тоҷикистон як соҳаи сердаромад дониста мешавад ва вобаста ба меъёри маъруфияташон, санъаткорон пули хуб ҳам ба даст меоранд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин Кумитаи андоз пардохти андозро барои овозхонон ҳатмӣ кард. Ин ниҳод гуфтааст, онҳо бояд тибқи қарори ҳукумат худро дар мақомоти андоз ба қайд гиранд ва аз даромади худ андоз супоранд.
Ёдовар мешавем, ки ду ҳафта қабл, Кумитаи андоз рӯйхати блогеронеро нашр кард, ки аз даромади худ андоз насупоридаанд ё худро дар ин ниҳод ба қайд нагирифтаанд. Ин блогерон кистанд ва чанд пул қарздоранд, дар матлаби зерин мутолиа кунед: “Аз Фаррухи “гург”-у Шоира то Ҷонону “golib_shov”. Кумитаи андоз рӯйхати блогерони “андозгурез”-ро нашр кард”.
Ҷавобгарии ҷиноӣ барои "лайк" бекор шуд. Бо ин ҷурм ба зиндон рафтагон озод мешаванд?
Дарёфти ду ҷасад аз обҳои Тоҷикистон дар як рӯз
“Чаро барои хатои дигарон, мо пул диҳем?”. Ҷарима барои қоидавайронкунии ронандагони нақлиёти ҷамъиятиро кӣ бояд пардохт кунад?
Даромади умумии операторони алоқаи Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2025 зиёда аз 1,1 миллиард сомонӣ будааст
Озмоишҳо дар марзи Қазоқистону Русия: қиссаи як хонаводаи тоҷик, ки мехост ҳузурашро дар Русия қонунӣ кунад
6 миллиард рубл хисорот ва 500 ҷилд парванда. Бастрикин ҷузъиёти парвандаи ҳамла ба “Крокус”-ро гуфт
Аз намоиши “Рӯбоҳи ҳилагар” то рӯнамоии маҷмӯаи “Килки сабз”. Дар Душанбе иди кӯдакон чӣ гуна таҷлил мегардад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 3
Андоз аз воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон зиёд гардид. Муоинаи техникӣ ҳам гарон шуд (КАЛКУЛЯТОР)
Ҳалокати писарбачаи 2-сола дар кӯдакистони Душанбе. Мураббӣ боздошт шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста