Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни сафараш ба вилояти Суғд гуфт, бояд “шиддати муҳоҷирати меҳнатиро то тавонем коҳиш диҳем”. Инчунин, сарвари давлат таъкид кард, ки “мо намегузорем ба иззати нафси миллати тоҷик расанд”.
Ин нукотро Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш дар маросими ифтитоҳи Қалъаи Хуҷанд иброз дошт, ки навори онро ТВ “Тоҷикистон” нашр кардааст.
Сарвари давлат гуфт, “дар шароити имрӯза мо бояд ҳарчи бештар кор кунем, заҳмат кашем, созем, Ватанамонро боз ҳам обод гардонем, истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳем, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд намоем, барои ҳамдиёронамон ҷойҳои корӣ муҳайё кунем ва шиддати муҳоҷирати меҳнатиро то тавонем коҳиш диҳем”
Эмомалӣ Раҳмон афзуд, “ин яке аз вазифаҳои роҳбарон аст, аз роҳбари давлат сар карда то тамоми зинаҳои хидматчиёни давлатӣ, тамоми соҳибкорон, ҳар як фарди бонангу номуси миллати тоҷик аст, ки технологияи ҳозирзамон ворид кунем ва ҷойҳои нави кори бунёд кунем”.
“Мо нагузорем, ки мардуми мо муҳтоҷ ба дигрон шаванд! Нагузорем! Мо нангу номус дорем! Мо намегузорем, ки ба иззати нафси миллати тоҷик расанд”, - таъкид кард раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ӯ бидуни зикри мушаххас иброз дошт, ки “ман мефаҳмам, ин мушкилиҳо муваққатӣ ҳастанд ва яку якбора ҳамаи онро паси сар кардан бисёр душвор аст. Лекин (паси сар, - идора) мекунем, иншоаллоҳ, ояндаи Тоҷикистон дурахшон аст!”.
Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9-уми апрел бо сафари корӣ ба вилояти Суғд рафт ва дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Истаравшан ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даҳҳо иншоотро ба истифода дод.
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста