Тибқи фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2022 дар кишвар мансаби Ваколатдор оид ва ҳифзи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон таъсис дода шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” дар идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, алҳол шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фаъолият дорад, вале то ҳанӯз номзад ба мансаби Ваколатдор таъйин нагардидааст.
Ба гуфтаи Зафар Солеҳзода, сардори шуъбаи номбурда, айни ҳол барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон” гурӯҳи кории махсуси дохилиидоравӣ таъсис дода шудааст ва лоиҳа низ аллакай омода аст.
“Ҳангоми дастгирӣ ёфтан аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тасдиқ гардидани тағйиру иловаҳо ба ин қонун мақсаду мароми Ваколатдори нав муайян карда мешавад. Ин мақом ҳамзамон муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мешавад” - гуфт Солеҳзода.
Ба ибрози сардори шуъба, Ваколатдори нав дар ду самт - ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқҳои соҳибкорон кор хоҳад кард.
“Агар сода баён кунем, ин Ваколатдор дар ҳолати поймолшавии вазъи ҳуқуқии соҳибкорон, риоя нагардидани ҳуқуқу озодиҳои онҳо ҳангоми тафтиш аз ҷониби мақомоти дахлдор, масалан Кумитаи андоз, эҷод кардани монеа барои фаъолияти соҳибкорон, риоя нашудани ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳо ва ё ҳангоми қарзгирӣ аз бонк ҳуқуқҳои онҳоро ҳимоя мекунад” - шарҳ дод Солеҳзода.
Айни ҳол дар шуъбаи номбурда 4 корманд ва сардори шуъба фаъолият доранд. Шуъба таъйини худи Ваколтадорро интизор аст.
Тартиби муроҷиат ба ин Ваколатдор низ мисли Ваколатдор ба ҳуқуқи инсон аст. Он муроҷиатҳоро хаттӣ, телефонӣ ва электронӣ қабул мекунад. Дар ҳоли ҳозир муроҷиатҳои электронӣ ба почтаи электронии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тариқи суроғаи [email protected] қабуд карда мешавад. Баъд аз таъйин гардидани нафари Ваколатдор ин ниҳод низ мисли Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дорои нишонии худ мегардад.
Бояд гуфт, ки то ин дам ба ҳимояи ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ниҳодҳои дигар низ сарукор доштанд. Аз ҷумла, дар ин самт Бонки миллӣ назорат мебурд. Вале ба ҳимояи ҳуқуқи соҳибкорон дар сатҳи давлатӣ касе машғул набуд.
Аз гӯйишҳои зебои форсӣ то лағви раводиду рушди гардишгарӣ. Ёддошти як вазири баландпояи Эрон аз сафараш ба Тоҷикистон
Кори Зафар Сайидзода ба ҳайси Консули кулли Тоҷикистон дар Екатеринбург ба анҷом расид
Барои пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон $8 миллиард лозим аст. Онро аз куҷо ва чӣ гуна пайдо бояд кард?
Эрон, Уммон ва Куриёи Шимолӣ. Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2025 маълум шуданд
Дар Теҳрон 60-солагии Фарзонаро таҷлил мекунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Меҳмони тозаворид”
Эмомалӣ Собирзода ба ҷойи Шералӣ Мирзо. Вазири нави дифоъ кист ва кадом мушкилоти соҳа дар пешорӯяш аст?
Дар Душанбе марди гумонбар ба содир кардани 12 ҷинояти қаллобӣ боздошт шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 январи соли 2025
Интизориҳои ҷомеа аз Носир Саид ва хотираҳо аз Нуриддин Саид. Онҳо кистанду чӣ корнома доранд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста