Дар шаҳри Душанбе мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ, раҳбари Хазинаи Қатар дар масоили рушд ва як ҳайати бонкҳои қатарӣ баргузор шудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин дидор, ки имрӯз сурат гирифтааст, “масоили вобаста ба ҳолати кунунӣ ва густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Қатар ва ниҳодҳои иқтисодию бонкии он” муҳокима гардидааст.

“Зимни мулоқот андешаҳо ва пешниҳодҳои ҷолиб доир ба роҳҳои густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории барои ҳарду ҷониб судманд дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, обёрӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифт, - гуфта мешавад дар хабари расмӣ.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, “мо Қатарро яке аз кишварҳои бонуфузи ҷаҳони араб ва шарики муҳимми худ медонем”.

Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ таъкид кардааст, ки дар самти ҷалби сармояи Қатар ба Тоҷикистон имконияти бузург мавҷуд аст ва “кишвари мо ният дорад, ки ҳамкориро дар Осиёи Марказӣ, алалхусус бо Тоҷикистон вусъат диҳад”.

“Ҳамин аст, ки бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 50 миллион доллар созишнома имзо менамоем, ки ин маблағҳо ба бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» равона хоҳанд шуд”, — гуфтааст Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ.

Бояд гуфт, Қатар яке аз кишварҳои арабӣ аст, ки дар Тоҷикистон сармоягузориҳо кардааст. Аз ҷумла, калонтарин масҷиди Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо маблағгузории ин кишвар бунёд гардидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.