ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИММИ 9 СЕНТЯБР

- Дар Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни дастаҳои олимпии то 23-сола имрӯз анҷом меёбад. Он 3-юми сентябр дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардида буд.

- Дар “Serena Art Gallery” намоишгоҳи асарҳои Сорбон Шифоев, мусаввири тоҷик таҳти унвони “Ногуфтаҳо” идома дорад. Намоишгоҳ то 24-уми сентябр давом мекунад ва меҳмонону сокинони пойтахт имкон доранд, ки дар ин рӯзҳо асарҳои мусаввирро тамошо кунанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 9 СЕНТЯБР

Имрӯз Рӯзи истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст.

9-уми сентябри соли 1991 Тоҷикистон худро давлати соҳибихтиёр ва мустақил эълон намуд. Дар ҳамин рӯз Қонун "Дар бораи истиқлолияти давлатӣ" қабул шуд.

Соли 1972 – Юрий Лобанов, аввалин варзишгари тоҷик, қаҳрамони Бозиҳои ХХ Олимпӣ шуд.

Соли 1999 – Тоҷикистон 1100-солагии давлати Сомониён – нахустин давлати тоҷиконро ҷашн гирифт.

Соли 2001 – Дар Афғонистон дар натиҷаи сӯиқасд Аҳмадшоҳ Масъуд, вазири мудофиаи Ҷумҳурии исломии Афғонистон кушта шуд.

Соли 2002 – Дар Душанбе нахустин радиои мустақил – "Азия-Плюс" ба пахши барномаҳо оғоз кард.

Соли 2008 – Дар шаҳри Истаравшан бахши дуюми корхонаи "Оби зулол" ба истифода дода шуд.

Соли 2011 – Дар роҳпаймоӣ дар Душанбе 3 ҳазор нафар Парчами миллиро бо дарозии 2011 метр, паҳнои 7 метр ва вазни 860 кг ба намоиш бароварданд.

Соли 2019 – Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон чархаи дуюми НБО Роғунро ба кор даровард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1943 – Мавлуди Сайиднуриддин Шаҳобуддинов, шарқшинос, арабшинос, тарҷумон ва донишманди улуми исломӣ.

 

Сайиднуриддин Шаҳобиддинов

Сайиднуриддин Шаҳобиддинов шарқшинос, арабшинос, тарҷумон ва донишманди улуми исломӣ фориғуттаҳсили шуъбаи арабии факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, фаъолияти илмии худро дар Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АМИТ оғоз кардааст. Солҳои зиёд дар Сурия ва Яман ҳамчун тарҷумони низомӣ ва ихтисосӣ кор кардааст.

Шаҳобиддинов дониши амиқи забонҳои арабӣ, русӣ, форсӣ-тоҷикӣ, лотинӣ ва то андозае англисиро дошт. Ӯ тарҷумони чандин асарҳои классикони шарқ буд. Аз ҷумла, тарҷумаи шашҷилдаи "Қонуни тиб"-и Ибни Сино (1991–2005) яке аз корҳои муҳими илмии ӯст. Ҳамчунин "Рисолаи саргузашт" ва "Илоҳиёт"-и Ибни Сино бо таҳқиқу тавзеҳоти ӯ ба нашр расиданд.

Вай ҳамчунин яке аз муҳаррирони масъули тарҷумаи тоҷикии Қуръони карим (2010) ба шумор мерафт. Осораш саҳми арзандае дар шинохти мероси хаттӣ, фиқҳи исломӣ ва адёни ҷаҳонӣ гузоштааст.

Сайиднуриддин Шаҳобиддинов 21-уми октябри соли 2021 дар синни 78-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1948 – Мавлуди Содиқ Бобоҷонов, ходими ҳарбии тоҷик, генерал-майор.

Соли 1966 – Муҳиддин Аминзода, шоир ва тарҷумони тоҷик дар  62-солагӣ аз олам чашм баст.

Соли 1993 – Мавлуди Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони мусиқии попи Тоҷикистон.

Соли 2001 – Аҳмадшоҳ Масъуд, сиёсатмадор, фармондеҳи низомӣ ва вазири дифоъи Афғонистон дар синни 48 кушта шуд.

 

Аҳмадшоҳ Масъуд

Аҳмадшоҳ Масъуд шахсияти барҷаста ва рамзи муқовимати миллии Афғонистон буд. Масъуд аз ибтидои солҳои 1970-ум бо муборизаи мусаллаҳона вориди саҳнаи сиёсат шуд. Соли 1975 дар нахустин шӯриши Панҷшер бар зидди ҳукумати Муҳаммад Довуд иштирок кард. Гарчанде он шӯриш бенатиҷа анҷом ёфт, аммо ӯ ҳамчун фармондеҳ ва чеҳраи ҷавони сиёсӣ шинохта шуд.

Бо оғози ҷанги Афғонистон (1979–1989) ва вуруди артиши Шӯравӣ, Масъуд ба яке аз фармондеҳони асосии муҷоҳидин табдил ёфт. Маҳорати низомӣ ва стратегияҳои ӯ сабаб гардиданд, ки водии Панҷшер ба қалъаи муҳкам табдил ёбад. Артиши Шӯравӣ нуҳ маротиба кӯшиши ишғоли Панҷшерро кард, аммо ҳар бор шикаст хӯрд. Барои ҳамин Масъуд бо лақаби "Шери Панҷшер" маъруф гардид.

Соли 1982 ӯ бо нерӯҳои Шӯравӣ созишномаи муваққатии сулҳ имзо намуд, ки нишондиҳандаи хирадмандии сиёсӣ ва дипломатии ӯ буд. Баъди хуруҷи нерӯҳои Шӯравӣ аз Афғонистон дар соли 1989, Масъуд дар шимолу шарқи кишвар ҳукумати маҳаллиро таъсис дод.

Дар давраи 1992–1996 Аҳмадшоҳ Масъуд ҳамчун вазири дифоъи Афғонистон дар ҳукумати Бурҳонуддин Раббонӣ фаъолият дошт. Ӯ яке аз сутунҳои асосии Эътилофи Шимолӣ бар зидди ҳаракати “Толибон”* (дар давраи аввали ишғоли Афғонистон аз сӯи гурӯҳи “Толибон”) ба ҳисоб мерафт.

Масъуд на танҳо фармондеҳи низомӣ, балки шахси бофарҳанг ва ормонгар буд. Ӯ орзуи ташкили давлати мустақили тоҷиконро дар шимоли Афғонистон дошт ва ҳамеша дар пайи пойдории истиқлол ва озодии кишвар буд.

Аҳмадшоҳи Масъуд рӯзи 9-уми сентябри соли 2001, ду рӯз пеш аз ҳамлаҳои 11 сентябр ба ИМА, дар натиҷаи ҳамлаи террористии маргталабон, ки худро рӯзноманигор муаррифӣ карда буданд, ба шаҳодат расид. Вай ҳамагӣ 48 сол дошт.

Баъди маргаш, соли 2002, ӯ ба унвони Қаҳрамони миллии Афғонистон сарфароз гардид.

Соли 2002 – Ато Муҳаммадҷонов, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик дар синни 62 аз олам даргузашт.

 

Ато Муҳаммадҷонов

Ато Муҳаммадҷонов яке аз чеҳраҳои барҷастаи санъати театр ва синамои тоҷик аст, ки бо истеъдоди худодод, меҳнати пайваста ва муҳаббат ба саҳна номашро дар таърихи фарҳанги тоҷик бо хатти заррин сабт намуд.

Ӯ аз айёми мактабӣ ба ҳунари саҳнавӣ шавқ дошт ва узви фаъоли маҳфилҳои драмавӣ буд. Бидуни таҳсил дар мактабҳои касбии ҳунар, соли 1958 Муҳаммадҷоновро ба ҳайси ҳунарпеша ба Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ қабул карданд.

Ато Муҳаммадҷонов истеъдоди фитрӣ ва тахайюли ғании бадеӣ дошт. Ӯ нақшҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, лирикӣ, фоҷиавӣ ва мазҳакиро бо маҳорат офарида, қаҳрамононро бо тамоми ҷаҳони ботинияшон зинда мекард. Аз нақшҳои барҷастаи саҳнавии ӯ метавон Адҳам ("Алломаи Адҳам ва дигарон"-и С. Улуғзода), Қаландар ("Дохунда"-и Ҷ. Икромӣ) ва даҳҳои дигарро ном бурд.

Саҳнаи аввалини синамоии ӯ нақши кӯчак дар намоишномаи "Тошбек ва Гулқурбон"-и М. Миршакар буд. Аз соли 1961 ба таври ҷиддӣ дар филмҳои бадеии "Тоҷикфилм" ҳунарнамоӣ кард ва дар беш аз 30 филм нақш офарид. Аз ҷумла, "Қисмати шоир", "Парчами Кова, "Марги судхӯр", "Духтари сеюм", "Ситора дар тирашаб", "Асрори оилаи Ғаюровҳо", "Субҳи аввали ҷавонӣ", "Ҷӯра — шикорчӣ аз Минархар",  "Падари маҳтобӣ" ва ғайра.

Ато Муҳаммадҷонов рӯзи 9-уми сентябри соли 2002 дар шаҳри Истаравшан, вақте дар саҳна нақшофарӣ мекард, аз болои асп афтод ва дар синни 62-солагӣ аз олам даргузашт. Марги ӯ талафоти бузурге барои фарҳанги тоҷик буд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

9-уми сентябри соли 1776 минтақаҳои муттаҳидаи Амрико Иёлоти Муттаҳидаи Амрико номгузорӣ шуданд. Соли 1776 дар Конгресси қитъавӣ Эъломияи истиқлолият қабул гардид. Дар ин Эъломия нахустин бор номи "Иёлоти Муттаҳида" истифода шуд. Гуфта мешавад, ки ин номро Томас Пейн, арбоби ҷамъиятӣ ва сиёсии ИМА ва Бритониё пешниҳод карда буд.

 


Номи кӯтоҳшудаи “U.S.” соли 1791 дар санадҳои Ҷорҷ Вашингтон ва "U.S.A." бори аввал соли 1795 истифода шудааст. Аммо то ду соли баъди истиқлол расман номи "Иёлоти Муттаҳидаи Амрикои Шимолӣ" истифода мешуд. Соли 1778 бо қарори Конгресси қитъавӣ калимаи "Шимолӣ" аз ном хориҷ карда шуд.

9-уми сентябр ҳамчунин Рӯзи байналмилалии зебоӣ таҷлил мешавад. Ин рӯз бо ташаббуси Кумитаи байналмилалии эстетика ва косметологияи СИДЕСКО таъсис ёфтааст.

Дар ин рӯз на танҳо моделҳо, балки косметологҳо, истеҳсолкунандагон ва фурӯшандагони маҳсулоти ороишӣ, ҷарроҳони пластикӣ ва кулли мутахассисони соҳаи зебоӣ ҷашн мегиранд.

 


ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 9 СЕНТБЯРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 22+27º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 13+18º гарм, рӯзона 27+32º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 16+21º гарм, рӯзона 31+36º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15º гарм, рӯзона 28+33º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 11+16º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 18+20º гарм, рӯзона 28+33º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 33+35º гарм, дар шарқи вилоят шабона -1+4º, дар баъзе минтақаҳо то 8+10º гарм, рӯзона 15+20º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 34+36º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 16+18º гарм, рӯзона 31+33º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 35+37º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 30+32º гарм.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.