Рӯзи 12-уми сентябри соли равон ширкати ҷаҳонии экосистемаи дастгоҳҳои зеҳни сунъӣ "HONOR" муаррифии смартфони нави "HONOR X7d"-ро эълон кард, ки навтарин илова ба силсилаи маъруфи "X Series" мебошад.

"HONOR X7d" меъёри навро ҳамчун смартфони пуриқтидори дастрас бо устувории беҳтаршуда ва таҷрибаи комилан нави зеҳни сунъӣ муайян мекунад. Ин дастгоҳ бо муҳофизати 5-ситорааи "Premium Drop Protection", стандарти "IP65" барои муқовимат ба об, батареяи дуҳуҷайрагии "6500mAh", камераи асосии ултраравшани 108MP ва тугмаи нави фаврии зеҳни сунъӣ муҷаҳҳаз шудааст.

"HONOR X7d" ифодаи садоқати ширкат ба пешниҳоди смартфонҳои амалӣ ва дорои хусусиятҳои мукаммал мебошад, ки ба эҳтиёҷоти истеъмолкунандагони сарфакор ҷавобгӯ буда, ҳамзамон имконияти ҳамкорӣ бо зеҳни сунъиро дар дастгоҳи мобилӣ фароҳам меоранд.

 

Устувории беҳамто

"HONOR X7d" бо шаҳодатномаи "SGS Premium Performance" оид ба муқовимат ба афтидан ва фишор таъмин шудааст, ки ба он имкон медиҳад то ба афтодан аз баландии то 1,8 м муқовимат кунад. Гӯшаҳои дастгоҳ бо сохтори тақвиятёфтаи "Bulletproof Vests Design", низоми амортизатсия ва меъмории паҳнкунии қувваи зарба мустаҳкам карда шудаанд.

Ин модел дорои сатҳи муҳофизати "IP65" аз об мебошад ва ҳатто пас аз нигоҳдорӣ дар умқи 0,5 м барои 1 дақиқа қобилияти фаъолиятро нигоҳ медорад. Технологияи "Wet-hand Touch" таҷрибаи ҳамворро ҳатто бо ангуштони тар ё равғанолуд таъмин мекунад.

 

Батареяи пуриқтидор

Бо батареяи 6500mAh, "HONOR X7d" дар сатҳи нархгузорӣ аз лиҳози ҳаёти батарея беҳтарин нишондиҳандаро дорад. Он кори пурраи рӯзонаро таъмин карда, то 5 сол қобилияти хуби фаъолиятро нигоҳ медорад.

Тарҳи дуҳуҷайра пуркунии тезтар ва сохтори амнтарро фароҳам меорад. Батарея дар ҳарорати аз –20°C то +55°C низ хуб фаъолият мекунад, ки онро барои ҳар гуна шароити сахт мувофиқ месозад. Бо пуркунандаи 35W "HONOR SuperCharge" батарея зуд пур мешавад.

 

Таҷрибаи нави зеҳни сунъӣ

"HONOR X7d" аввалин смартфон дар синфи худ мебошад, ки бо тугмаи махсуси AI муҷаҳҳаз шудааст. Бо як зеркунӣ истифодабаранда метавонад барномаи интихобкардаро кушояд ё тозакунии пасзамина ва тезонидани дастгоҳро анҷом диҳад. Бо зеркунии дароз бошад, функсияҳои зеҳни сунъии тарҷума ва зеҳни сунъии эҷодкорӣ фаъол мегарданд.

Бо дастгирии "MagicOS 9.0" (бар пояи Android 15), смартфон дорои хусусиятҳои иловагӣ мебошад, аз ҷумла "Magic Capsul"e, "Magic Portal", "Circle to Search" ва "Google Gemini Assistant", инчунин имкониятҳои таҳрири зеҳни сунъӣ (Outpainting, Upscale, Cutout ва ғайра).

 

Камераи зеҳни сунъӣ

"HONOR X7d" бо камераи асосии 108MP Ultra-Clear аксҳои ҷузъиёташон равшанро сабт мекунад. Бо "3x Zoom"-и бе талафи сифат ва се реҷаи портретӣ (муҳитӣ, фазоӣ, наздик) истифодабарандагон метавонанд портретҳои гуногун эҷод кунанд.

Функсияҳои "AI Eraser", "Remove Reflection" ва "AI Style" сифати аксҳоро беҳтар намуда, таҷрибаи таҳрири мобилиро ба сатҳи нав мебаранд.

 

Хотираи фаровон

"HONOR X7d" то 256 GB хотираи дохилӣ дорад, ки метавонад то 150 000 аксро нигоҳ дорад. Бо технологияи RAM Turbo истифодабарандагон таҷрибаи баробари 16 GB RAM (8 GB физикӣ + 8 GB виртуалӣ) мегиранд.

 

Ранг ва дастрасӣ

"HONOR X7d" дар 4 ранги ҷолиб дастрас мегардад: "Desert Gold", "Ocean Cyan", "Meteor Silver" ва "Velvet Black". Фурӯш аз 12 сентябри соли 2025 оғоз шуда, дастгоҳ тавассути каналҳои онлайн ва офлайн бо нархи дастрас пешниҳод мегардад.

 

Дар бораи HONOR

"HONOR" ширкати пешсафи ҷаҳонӣ дар соҳаи экосистемаи дастгоҳҳои зеҳни сунъӣ мебошад. Ҳадафи он инкишофи ҳамкории инсон бо дастгоҳҳо дар давраи нави зеҳни сунъӣ мебошад.

Бо портфели васеи маҳсулот - аз смартфонҳои зеҳни сунъӣ то компютерҳо, планшетҳо ва дастгоҳҳои пӯшидашаванда - "HONOR" кӯшиш мекунад ҳар як инсонро тавоно гардонад ва то ҷаҳони нави зеҳни сунъиро қабул кунанд.

Барои маълумоти бештар, лутфан ба ракамхои +992077200101 муроҷиат намоед:

https://www.instagram.com/honortajikistan_official?igsh=ejllOHdiYTBmeW9x

https://www.tiktok.com/@honortajikistan?_t=ZS-8xxbjTJLzQW&_r=1

https://t.me/HONORTajikistan