“MediaLAB Asia+” дар ҳамдастӣ бо Иттиҳоди Аврупо донишҷӯёни факултаҳои рӯзноманигорӣ, хабарнигорони навкор ва блогеронро ба давраи омӯзишии ҳаштҳафтаина даъват мекунад. Мактаби муҳтавоофарони ҷавон комилан ройгон аст.

Ба таҳияи барномаи таълимӣ, ки пурра ба забони тоҷикӣ мегузарад, тренерони касбӣ ҷалб шудаанд. Дар муддати 8 ҳафта (рӯзҳои душанбе, чоршанбе, ҷумъа аз соати 16:00 то 17:30) иштирокдорон бо дастгирии устодон тамоми марҳилаҳои истеҳсолро аз пешниҳоди идея ва тарҳрезии матлабҳои гуногунқолаб то нашр ва паҳни дурусти он дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз худ мекунанд. 

Дар ҷараёни курс ба мавзӯъҳои зер аҳамияти бештар дода мешавад:

– асосҳои далелсанҷӣ ва абзорҳои мубориза бо маълумоти ҷаълӣ;

– истифодаи зеҳни сунъӣ (AI) дар истеҳсоли муҳтаво ва санҷиши иттилоот;

– асосҳои банаворигирӣ ва танзими он;

– стратегияи пешбурд ва нашри муҳтаво дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо назардошти алгоритмҳо.

Зиёда аз ин, дар интиҳои давраи омӯзишӣ бо дастгирии ментор, таҳия ва нашри матлабҳои иштирокдорон дар сомона, шабакаҳои иҷтимоӣ ва “Youtube-канал-и “Азия-Плюс” дар назар аст, ки барои рӯзноманигорон ва блогерони навкор имкони беҳтарини санҷиши маҳорати худ мешавад.

Оғози давраи омӯзишӣ 6-уми октябр дар назар аст. Барои шомил шудан ба гурӯҳи ройгон пайванди онлайниро пур кунед: https://tally.so/r/3E9BeN  

Мактаби муҳтавоофарони ҷавон аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва “Азия-Плюс” ташкил шудааст. Ҳадафи барнома рушди муҳтавои босифати тоҷикӣ, боло бурдани сатҳи саводнокии расонаӣ миёни ҷавонон, муқовимат бо маълумоти дурӯғ ва ташаккули насли нави рӯзноманигорон ва контентмейкерони масъул мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.