ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ 24 СЕНТЯБР
- Имрӯз охирин бозии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё оид аб футзал баргузор мегардад. Дар он тими миллии футзали Тоҷикистон бо Ҷопон дидор анҷом медиҳад. Бозӣ дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии сурат гирифта, соати 20:00 шуруъ мегардад.
Дар ин марҳилаи мусобиқа 31 дастаи осиёӣ, ки ба 8 гурӯҳ тақсим шудаанд, ширкат доранд. Ғолибони 8 гурӯҳ ва 7 дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 27-уми январ то 7-уми феврали соли оянда дар Индонезия баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
- Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҷашнии “Атои саҳна” идома дорад. Ин намоиш ба ифтихори 85-солагии Ато Муҳаммадҷонов 16-уми сентябр оғоз гардид ва то 25-уми сентябр идома меёбад.
Дар намоиш беш аз 110 нигора, аз қабили мусаввараҳо, ордену медалҳо, ҷоизаҳо, ҳуҷҷатҳо, либосҳои саҳнавӣ, аксҳо, наворҳо ва китобҳо, ки бозгӯи фаъолияти пурсамари ҳунарпешаи шинохта Ато Муҳаммадҷонов аст, пешниҳод мешавад.

- Дар “Serena Art Gallery” намоиши асарҳои Сорбон Шифоев, мусаввири тоҷик таҳти унвони “Ногуфтаҳо” идома дорад. Намоишгоҳ то 24-уми сентябр давом мекунад ва меҳмонону сокинони пойтахт имкон доранд, ки дар ин рӯзҳо асарҳои мусаввирро тамошо кунанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 24 СЕНТЯБР
Соли 2004 – Тимур Зулфиқоров, нависандаи тоҷик дар Маскав барои китоби “Тамсили тиллоии Хоҷа Насриддин” (“Золотые притчи Ходжи Насреддина”) ҷоизаи адабии “Марғзори равшан” (“Ясная Поляна”)-ро соҳиб гардид.
Соли 2006 – Анҷумани ҳизбҳои сотсиал-демократӣ ва демократии Тоҷикистон интихоботи дарпешистодаи президентиро ғайриқонунӣ эълон намуда, аз иштирок дар он худдорӣ карданд.
Соли 2010 – Сандуқи Байналмилалии Асъор ҳукумати Тоҷикистонро даъват кард, ки раванди гузаронидани аудити хориҷии НБО "Роғун”-ро суръат бахшанд.
Соли 2020 – Дар сафорати Русия дар Тоҷикистон ҳангоми қабули дархостҳои шаҳрвандони Тоҷикистон барои баррасӣ ва шомил намудан ба феҳристи шахсони баргардондашаванда, як корманди сафорати Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор гирифта, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошт.
Соли 2024 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Ню Йорк дар Саммити оянда ширкат ва суханронӣ кард.
Соли 2024 – Эмомалӣ Раҳмон дар Ню Йорк бо Масъуд Пизишкиён суҳбат карда, ӯро ба Тоҷикистон даъват кардааст.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1950 – Зодрӯзи Нуқраи Суннатниё, шоири тоҷик.
Соли 1960 – Мавлуди Рустам Раҳматзода, иқтисоддон, раиси пешини Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ), ду дафъа вакили парлумони Тоҷикистон (2015-2025).

Ӯ соли 1984 Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва ташкилотчии истеҳсолоти кишоварзӣ хатм карда, ҳоло узви ҳайати омӯзгорони донишгоҳ мебошад. Пас аз 10 соли хатми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, декани факултаи хоҷагидорӣ шуд.
Соли 2002, ба Маркази миллии таълимии кишоварзӣ оид ба дастгирии хусусигардонӣ дар Тоҷикистон ба кор рафт. Аз соли 2007 то 2015 ӯ Маркази рушди кадрҳои Вазорати кишоварзии Тоҷикистонро роҳбарӣ кардааст.
Моҳи декабри соли 2019 Олимҷон Бобоев, раиси пешини ҲИИТ ба истеъфо рафт ва Рустам Раҳматзода, раиси ҳизб интихоб шуд.
Ӯ як дафъа, дар интихоботи президентии соли 2020 аз номи ҲИИТ ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ пешниҳод гардид.
Ду даъват, солҳои 2015-2020 ва 2020-2025 вакиили парлумон буд.
Соли 2024 дар анҷумани ғайринавбатии ҲИИТ ба ҷойи Рустам Раҳматзода, Ғиёсиддин Ашӯрзода раиси ҳизб интихоб гашт.
Соли 1961 – Мавлуди Мирзоумари Мирзоаҳмад, ҳунарпешаи театру кинои тоҷик, ҳаҷвнигор.

Мирзоумари Мирзоаҳмад, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон хатмкардаи шуъбаи актёрии Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон буда, аз устодони ҳунар, чун Аскар Абдураҳмонов, Фаррух Қосимов, Шамсӣ Қиёмов, Хушназар Майбалиев, Назар Назаров асрори ҳунарпешагиро омӯхтааст.
Ӯ фаъолияти худро дар Театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ оғоз карда, то имрӯз дар ин боргоҳи ҳунар нақш меофарад.
Ӯ дар ин театр беш аз 50 нақши хурду бузург офаридааст, ки Журден аз “Ашрофпарат”, Домоди пир аз “Табиби паррон”, Қорӣ почо аз “Абдуи Хуҷандӣ”, Профессор Шодизода аз “Шаҳраки мо”-и Т. Уайлдер, Афандӣ аз “Панҷ зани Афандӣ”-и Иброҳимбеков аз ҷумлаи беҳтарин нақшҳои офаридаи ӯ дониста мешаванд.
Як бахши муҳими фаъолияти эҷодии Мирзоумари Мирзоаҳмад ба гурӯҳи ҳаҷвии “Хандинкамон” алоқаманд аст. Маҳз тавассути иҷрои нақшҳо дар саҳнаҳои ин гуруҳи ҳаҷвӣ ҳунарманд дар саросари кишвар ҳамчун ҳаҷвнигор машҳур шудааст.
Ӯ ҳамчунин дар синамо низ нақшҳо офаридааст. Филмҳои “Падари моҳтобӣ”-и Бахтиёр Худоназаров, “Дов”-и Муҳиддини Музаффар, аз ин қабиланд.
Соли 1968 – Мавлуди Заррина Диноршоева, доктори илмҳои фалсафа.
Соли 1977 – Мирзо Турсунзода Шоири халқии Тоҷикистон ва Қаҳрамони Тоҷикистон дар синни 66 даргузашт.

Мирзо Турсунзода, шоири ширинкаломи тоҷик, ки аз ӯ қосиди сулҳ низ ном мебаранд, аз камтарин шоирони тоҷик аст, ки шуҳраташ бештар ба муаррифии тоҷикону Тоҷикистон дар дунё рабт мегирад.
Ӯ баъди хатми Дорулмуаллимони тоҷикии шаҳри Тошканд ҳамчун роҳбари шуъбаи умумӣ ва котиби масъули рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ба фаъолият пардохта, баъдтар бахши адабии Театри мусиқӣ-драмавии ба номи А. С. Пушкини вилояти Ленинободро роҳбарӣ намудааст.
Соли 1935 роҳбари шуъбаи ташкилотӣ-оммавӣ ва роҳбари бахши драматургияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Соли 1939 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъин гардид. Аз соли 1943 сардори Раёсати санъати назди Шӯрои Кумитаи халқии ҶШС Тоҷикистон ва аз соли 1946 то охири умр раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Мирзо Турсунзода ҳамчунин намояндаи Шӯрои Олии ИҶШС, аъзои Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, раиси Комитаи советии ҳамраъйии мамлакатҳои Осиё ва Африко буд.
Аввалин маҷмӯаи шеърҳои Турсунзода бо номи “Байрақи зафар” нашр шудааст. Сипас, шеъру достонҳои “Суруди ҷавонӣ”, “Мамлакати тилоӣ”, “Оҳанрабо”, “Халқи далер”, “Чаманистон”, “Мо аз Хоруғ омадем” дастраси хонандагон гардидааст.
Дар солҳои ҷанг Турсунзода достонҳои “Писари Ватан” ва “Барои Ватан”-ро ҳамроҳи Абдусалом Деҳотӣ эҷод мекунад. Инчунин ӯ муаллифи силсилаасарҳои “Ман аз Шарқи озод”, “Қиссаи Ҳиндустон”, “Садои Осиё”, “Чароғи абадӣ”, “Ҷони ширин” ва достони “Аз Ганг то Кремл аст.
Шоир 24-уми сентябри соли 1977 дар 66-солагӣ аз олам даргузашт.
Ба бузургдошти номи ӯ дар Тоҷикистон шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Турсунзода (қаблан ноҳияи Регар) ва Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода номгузорӣ шудааст.
Соли 2017 – Даврон Ғуфронов, хабарнигори тоҷик дар 44-солагӣ даргузашт.

Даврон Ғуфронов дар гузашта дар хабаргузорӣ ва нашрияи “Азия-Плюс” ба ҳайси шореҳи варзиш кор мекард. Аз ӯ хабарнигори чирадасти соҳаи варзиш ном бурда мешавад.
Ғуфронов дар Радиои “Тоҷикистон”, “Садои Душанбе” ва Ҷамъияти “Ҳилоли Аҳмар” низ кор кардааст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
24 сентябри соли 622 Муҳаммад (с) пайғамбар аз Макка ба шаҳри дигари арабии Ясриб сафар, яъне ҳиҷрат кард, ки ин сафар дар таърихи дини ислом ҳамчун “ҳиҷрат”-и Муҳаммад (с) пайғамбар аз Макка ба Мадина машҳур аст.

Баъди ба Ясриб ҳиҷрат кардани Муҳаммад (с) дар он ҷо обрӯю эътибори ӯ ва дини ислом боз ҳам баландтар шуд. Шаҳри Ясриб номи “Мадина ан-Набӣ”, яъне “шаҳри Пайғамбар”-ро гирифт. Соли ҳиҷрати Муҳаммад (с) бошад, оғози зуҳури дини ислом ва солшумории нав - солшумории мусулмонии хиҷрӣ (шамсӣ ва қамарӣ) муқаррар гардид. Дар Мадина ба Муҳаммад (с) пайғамбар муяссар шуд, ки мардуми зиёдро ба дини ислом ҷалб намояд.
Ҳамасола 24-уми сентябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии корвонкашон ҷашн гирифта мешавад. Аз ронандагони мошинҳои калон, то маллоҳони киштиҳои тиҷоратӣ ва аъзои корвонҳои заминию баҳрӣ, дар умум, мардуме, ки дар интиқоли бор тавассути роҳҳои душвор, бахусус дар минтақаҳои биёбонӣ ва дурдаст фаъоланд, дар ин рӯз иди худро таҷлил мекунанд.

Яке аз фарзияҳо мегӯяд, ки анҷоми ҳиҷрати Муҳаммад (с) ба Мадина, ки 24-уми сентябри соли 622 иттифоқ афтод, бо рушди шабакаҳои корвонӣ ва тиҷоратӣ дар минтақаи Арабистон иртибот дорад. Ин рӯйдодро рамзӣ медонанд ва рӯзи корвонкашонро ба ҳамин сана нисбат медиҳанд.
Баъзе манбаъҳо рӯзи 24 сентябрро бо зодрӯзи Уилям Адамс, як баҳрнаварди машҳури англис ва нахустин аврупоӣ, ки ба Ҷопон расида буд (асрҳои XVI–XVII), марбут медонанд.
24-уми сентябри соли 1724 дар Париж яке аз аввалин биржаҳои молиявии Аврупо – Биржаи фондии Париж (Bourse de Paris) расман ифтитоҳ ёфт. Дар ибтидо он танҳо маконе барои гирдиҳамоии оҷонсиҳои мубодила буд ва принсипҳои муосири савдои биржавӣ ҳанӯз дар он татбиқ намешуданд.

То соли 1860 биржа ба бозори пулии сатҳи аврупоӣ табдил ёфт. Соли 1986 низоми электронии савдо ворид шуд ва музоядаи овозӣ (ауксион) қатъ гардид.
Соли 2000 биржаҳои Париж, Амстердам ва Брюссел якҷоя шуда, Euronext NV-ро таъсис доданд. Имрӯз Euronext пас аз Биржаи Лондон дуввумин бозори калони молиявӣ дар Аврупо ба шумор меравад.
24 сентябри соли 1957 дар шаҳри Барселона варзишгоҳи нав бо номи “Camp Nou” (маънояш “Майдони нав”) расман ифтитоҳ ёфт. Мушкилоти ҷой дар варзишгоҳи кӯҳнаи “Камп де Лес Кортс” ва рақобати шадид бо “Реал Мадрид”, ки аллакай варзишгоҳи нав (Сантьяго Бернабеу) дошт, сабаби ташкили варзишгоҳи нав гардид.

Франсеск Миро-Санс, президенти вақти клуб ташаббус нишон дод ва сохтмони варзишгоҳро ба роҳ монд. Ғунҷоиши он 99 354 нафар ҷойи нишастро дарбар гирифта, калонтарин варзишгоҳ дар Испания ва Аврупо аст. Соли 1984 дар дохили варзишгоҳ Осорхонаи клуби “Барселона” ифтитоҳ гардид ва ба маркази зиёрати мухлисон аз саросари ҷаҳон табдил ёфт.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 24 СЕНТБЯРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 11+16º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9º гарм, рӯзона 16+21º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 28+33º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 11+16º гарм, рӯзона 22+27º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 13+18º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 24+29º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 9+14º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 16+18º гарм, рӯзона 21+26º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 28+30º гарм, дар шарқи вилоят шабона -4+1º, рӯзона 12+17º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 29+31º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 27+29º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 30+32º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 9+11º гарм, рӯзона 26+28º гарм.




“Бо "селофан" буғӣ кардаааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
“Бо Эмомалӣ Раҳмон дар як ҳуҷра 10 соат баҳси тунд доштем”. Содир Жапаров баъзе ҷузъиёти ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 январи соли 2026
Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста