Зимни сайругашт дар кӯчаи Сафирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд, дар наздикии бозори “Панҷшанбе” хонаи қадимии зебоеро пайдо кардан мумкин аст, ки пурра бо тарҳи асрҳои XVIII-XIX сохта шудааст. Ин хонаи савдогари хуҷандӣ Эргашбойбача аст, ки дар асри XIX бунёд шудаву имрӯз ба ҳайси намунаи нодири манзили тоҷикони шаҳрнишин ба хона-осорхона табдил дода шудааст.

Мегӯянд, барои бунёди ин хона Эргашбой устоҳои моҳири Самарқанду Бухороро даъват кардааст. Хона воқеан устокорона бунёд шуда, бо нақшу нигори миллӣ оро ёфтааст.

Пас аз инқилоб, дар солҳои 30-юми асри гузашта хонаи бойбача мусодира шуда, ин ҷо аввал ба беморхона, дертар ба мактаб ва ниҳоят, аз солҳои 50-ум ба хобгоҳи занона барои донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ табдил дода шуд.  

1/10

Имрӯз ин мавзеъ хона-осорхонаи этнографии "Эргашбойбача" аст. Агар боре ба сайри Хуҷанд баромадед, ҳатман аз ин хона боздид кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.