ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 7 ОКТЯБР
Соли 1925 – Нашриёти “Ирфон” бо номи Нашриёти давлатии Тоҷикистон таъсис ёфта, соли 1964 “Ирфон” ва соли 2000-ум Муассисаи нашриявии “Ирфон” унвон гирифт.
Соли 2014 – Дар ноҳияи Дӯстӣ (собиқ Ҷиликӯл) корхонаи асфалт ифтитоҳ ёфт.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1928 – Мавлуди Суҳроби Сипеҳрӣ, яке аз шоирони муосири Эрон, ки дар Тоҷикистон ҳам ҳаводор дорад.

Суҳроби Сипеҳрӣ аз шоирони барҷастаи муосири Эрон буда, бо сабки хоси худ шеъри порсиро ба ҷаҳони тозаи зебоиву ирфон ворид кардааст.
Сипеҳрӣ таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи худро дар Кошон гирифта, пас аз хатми мактаб ба омӯзгорӣ машғул шуд, вале ишқу шавқи ӯ ба ҳунар ӯро ба Донишкадаи ҳунарҳои зебо дар Теҳрон бурд, ки дар он ҷо дар риштаи наққошӣ таҳсил намуд.
Дар оғоз Сипеҳрӣ мисли бисёр аз навҷӯёни ҳамасри худ аз шеъри Нимо Юшиж ва Меҳдӣ Ахавони Солис таъсир гирифта, бо сабки нимоӣ шеър менавишт. Вале ба тадриҷ роҳи худро ёфт ва забону андешаи шеъраш ранги дигар гирифт.
Ошноии амиқи ӯ бо ирфон, асотири шарқӣ, табиат ва фалсафаи инсонӣ, ҳамчунин шиносоӣ бо санъати модерни Ғарб, ӯро ба офаридани сабки наве водошт, ки на комилан суннатист ва на пурра навгароёна, балки омезае аз ҳарду.
Сипеҳрӣ бо нашри китобҳои “Садои пойи об”, “Мусофир” ва “Ҳаҷми сабз” ба қуллаи шӯҳрат расид.
Ғайр аз шеър, Сипеҳрӣ наққоши тавоно ҳам буд. Ӯ аз техникаҳои наққошии муосир истифода мекард, ки ҳамин таҷриба ба забони шеъраш низ таъсир расонд.
Ӯ 21-уми апрели соли 1980 дар синни 51 даргузашт.
Соли 1928 – Зодрӯзи Ҳукуматшо Бандишоев, мутриб ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Соли 1932 – Мавлуди Лутфӣ Кабирова, сарояндаи опера, Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди шуравӣ.

Лутфӣ Кабирова аз сарояндагони маъруфи опера буда, услуби хоси иҷро ва садои дилнишину таъсирбахш доштааст.
Ӯ хатмкардаи омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе ва Консерваторияи Маскав буда, аз соли 1954 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба фаъолият пардохтааст.
Кабирова дар операҳои тоҷик як силсила образҳои муассир офаридааст, ки Нисо дар “Бахтиёр ва Нисо”, Гулрӯ дар “Пӯлод ва Гулрӯ”, Сурма дар “Домоди номдор”, Малоҳат дар “Бозгашт аз ҷумлаи онҳоянд.
Ӯ ҳамчунин дар операҳои классикии русу Ғарб як силсила образҳои барҷаста офаридааст, ки Татяна дар “Евгений Онегин”, Лиза дар “Модкаи қарамашшоқ”, Дездемона дар “Отелло” аз ин қабиланд.
Лутфӣ Кабирова 19-уми майи соли 2013 дар синни 80 даргузашт.
Соли 1938 – Зодрӯзи Миратулло Атоев, оҳангсози маъруфи тоҷик.

Миратулло Атоев дар кӯдакӣ ятим монда, дар хонаи бачагони Кангурт ва Душанбе тарбия гирифтааст. Ӯ хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе ва Консерваторияи давлатии Тошканд буда, фаъолияти худро дар Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе оғоз намудааст.
Баъдан дар факултети санъати Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Шевченко ба кор омада, соли 1971 директори мактаби миёнаи махсуси мусиқӣ, соли 1981 директори Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе ва соли 1985 роҳбари бадеии оркестри эстрадии “Гулшан” таъин гардид.
Солҳои баъдӣ дар Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе ва дотсенти Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дарс гуфтааст.
Миратуло Атоев дар жанрҳои гуногуни мусиқӣ асарҳо офарида, муаллифи беш аз 70 мусиқӣ, чун “Таронаи рӯд”, “Тоҷикистон”, “Модарони интизор”, “Шаҳидони абадзинда”, “Навои дил” аст.
Инчунин барои бачаҳо беш аз 20 оҳанг, 21 пйесаи бачагона барои фортепиано эҷод карда, достони симфонии “Ба хотираи қаҳрамонони Сталинград”, сюитаи симфонии “Муш ва гурба”, кантатаҳои “Дар оғӯши Ватан”, “Кишвари азиз”, “Мо бачагони хушбахтем”, “Субҳи кишвари ман”-ро иҷро намудааст.
Миратулло Атоев соли 1994 дар синни 56-солагӣ даргузашт.
Соли 1949 – Зодрӯзи Қозидавлат Қоимдодов, собиқ муовини сарвазир ва сафири пешини Тоҷикистон дар Белорус ва Туркманистон.

Қозидавлат Қоимдодов хатмкардаи Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон ва мактаби ҳизбии Тошканд буда, дар мақомҳои гуногун дар Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ кор кардааст.
Фаъолияти хизматии худро соли 1971 оғоз карда, он замон зоотехники калони колхози ноҳияи Шуғнон будааст. Пас аз хизмати ҳарбӣ ба созмони кор бо ҷавонони ВМКБ ба кор омада, аз соли 1978 то 1992 дар вазифаҳои раҳбарикунандаи мақомотҳои гуногуни ҳизбии ВМКБ фаъолият кардааст.
Ӯ аз соли 1990 вакили Шӯрои олӣ ва солҳои 2000- 2005 муовини нахуствазири Тоҷикистон буд.
Қоимдодов аз соли 1993 то 2005 ба ҳайси ҳамоҳангсози барномаҳои Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон фаъолият карда, солҳои 2005-2009 сафири Тоҷикистон дар Туркманистон ва солҳои 2009-2017 сафир дар Белорус ва кишварҳои назди Балтик буд ва баъд ба нафақа рафт. Ҳоло дар Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон кор мекунад.
Соли 1961 – Зодрӯзи Матлуба Ҳақназарова, доктори илми тиб.
Соли 1967 – Мавлуди Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси феълии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ хатмкардаи Мактаби олии сохтмони ҳарбӣ-сиёсии Таллин буда, фаъолияти худро дар Вазорати дифоъ оғоз намуда, дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар отряди Фронти Халқии Тоҷикистон хизмат карда, моҳи январи соли 2004 ба ҷои Ғаффор Мирзоев фармондеҳи Гвардияи миллӣ таъин шуд.
Баъдан муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буд ва сипас сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ таъин шуд. Ҳоло раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аст.
Соли 1969 – Зодрӯзи Азиз Гиёзода, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ду навбати охир.
Соли 1971 – Зодрӯзи Мавлона Наҷмиддинова, ҳунарпешаи шинохтаи театру синамои тоҷик.
Мавлона Наҷмиддинова аз ҳунарпешагони бомаҳорати тоҷик буда, дар театру синамои тоҷик нақшҳои ҷаззоб офаридааст ва барои инъикоси эҳсоси ботинии қаҳрамон аз ҳар зовия талош мекунад.
Ӯ замоне, ки Фаррух Қосим дар театри “Аҳорун” роҳбарӣ мекард, ба театр пайваст ва беш аз 20 сол инҷониб дар Театри русии ба номи Владимир Маяковский ҳунарнамоӣ мекунад.
Чеҳраи ҳунарпеша дар синамо низ ошно буда, дар филмҳои “Ниқоб”, “Сарнавишт”, “Умеди охирин”, “Маҳдӣ”, “Шамсуддин Шоҳин” нақшофарӣ кардааст. Ӯ ғолиб ва ҷоизадори чандин озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ низ аст.
Дар робита ба зиндагӣ ва кору пайкори Мавлона Наҷмиддинова дар масоҳибаи "Азия-Плюс" бо номи "Мавлона Наҷмиддинова: "То ба фарҳанг арҷ нагузорем, ба худшиносии миллӣ намерасем!", ки чанд сол пеш нашр шудааст, маълумот гиред.
Соли 2007 – Аҳрор Мухторов, донишманди тоҷик, академик ва доктори илми таърих дар 82-солагӣ даргузашт.

Аҳрор Мухторов аз муаррихони шинохта ва боҷасорати тоҷик буда, корномаи рангин дорад. Ӯ нахустин муаррихи тоҷик буд, ки ба омӯзиши катибаҳои таърихӣ даст зад. Таҳқиқоти Мухторов доираи васеъро фаро мегирифт. Ӯ на танҳо катибаҳо, балки васиқаҳо, хитобаҳо, шоҳидномаҳо, айбномаҳо ва ҳукмномаҳои таърихиро низ мавриди омӯзиш қарор медод.
Ӯ хатмкардаи Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе буда, соли 1942, дар авҷи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба майдони набард рафт ва дар озодкунии Прага иштирок кард. Баъди бозгашт аз ҷанг ба олами илм баргашта, ба корҳои бузург даст зад.
Таҳқиқи таърихи се минтақаи Тоҷикистон - Истаравшан, Ҳисор ва болооби Зарафшон, катибашиносӣ, таҳқиқи таърихи асрҳои XVI-XIX-и Осиёи Миёна, нашри китоб дар бораи шахсиятҳои маъруфи сиёсӣ ва фарҳангии тоҷик, омӯзиш ва таҳқиқи таърих ва фарҳанги халқи тоҷик, кашфи ҳуҷҷатҳое, ки ба шӯришҳои халқӣ дар Самарқанд, Бухоро ва шӯриши Восеъ дахл доштанд, аз бузургтарин дастовардҳои ӯ дониста мешаванд.
Матлаби “Азия-Плюс”-ро ба муносибати садсолагии ин донишманди тоҷик инҷо мутолиа кунед: Муҳаққиқи рӯзгори шахсиятҳои маъруфи сиёсӣ ва фарҳангии тоҷик. Академик Аҳрор Мухторов 100-сола шуд
Соли 2018 – Хол Машрабов, раиси собиқи Кумитаи андози Тоҷикистон дар синни 69 даргузашт.

Хол Машрабов, собиқ раиси Кумитаи андоз ва яке аз чеҳраҳои бонуфузи ҷумҳурӣ дар солҳои 90-ум дар синни 69-солагӣ буда, аз соли 1998 то соли 2001 Кумитаи андозро роҳбарӣ карда, муддати 5 сол раисии ноҳияи Рӯдакиро бар дӯш дошт.
Ӯ хатмкардаи техникуми кооперативӣ (1969) ва факултаи банақшагирии хоҷагии халқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, солҳои гуногун ба ҳайси челонгар, фурӯшанда ва мудири мағоза, директори трести хӯроки умумӣ (Общепит)-и ноҳияи Ленин (феълан Рӯдакӣ) кор кардааст.
Солҳои 1987-1989 раиси Иттифоқи истеъмолгарони ноҳияи Варзоб ва солҳои 1989-1993 раиси Иттифоқи истеъмолгарони шаҳри Душанбе буд. Соли 1990 вакили Шӯрои олии Тоҷикистон ва соли 2005 вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон буд.
Соли 2020 - Генерал Миллопар Бандишозода, ки солҳои ахир ба ҳайси муовини додситони вилояти Хатлон кор мекард, дар 61-солагӣ даргузашт.
Ӯ қаблан муовини раиси Оҷонси мубориза бо коррупсия ва муовини сардори Раёсати тафтишоти парвандаҳои махсусан муҳим дар Додситонии кулли Тоҷикистон буд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
7-уми октябри соли 2023 гурӯҳи ҲАМОС ҳамлаи густардаро ба Исроил шуруъ кард. Дар ҳамлаи худ ҲАМОС 1200 исроилиро кушт ва 250 касро гаравгон гирифт. Дар пайи ин артиши Исроил ба Ғазза ҳуҷум ва наворро бомбборон кард, ки то ҳол идома дорад.
Дар ин миён бо миёнравии Қатару Миср чанд маротиба миёни Исроил ва ҲАМОС барои чанд муддат оташбас эълон шуд ва чанде аз асирон раҳо ва ҷасади чанд нафар баргардонида шуданд. Аммо дар ниҳоят ҳеҷ як оташбас пойдор намонд ва ҷанг идома кард.

Дар пайи ҳамлаҳои артиши Исроил, то кунун беш аз 65 ҳазор сокини навори Ғазза кушта шуданд, ки бештари онҳо занону кӯдакон мебошанд. Куштори сокинони осоишта ва махсусан занону кӯдакон, ҳуҷум ба марказҳои имдодрасонӣ ва тиббӣ, масоҷиду макотиб ва дар муҳосираи комил нигоҳ доштани сокинони навори Ғазза аз сӯйи Исроил борҳо мавриди интиқоти ҷомеаи балналмилал қарор гирифтааст, аммо ҳукумати Нетаняҳу ин ҳамаро нодида гирифтааст.
7-уми октябри соли 1963 тӯфони “Флора” дар Гаити ва кишвари Доминикан сабаби марги 7 190 одам гардид. Ин тӯфон яке аз пурқурбонӣ ва харобкортарин тӯфонҳои қарни XX ба ҳисоб меравад.
Дар натиҷаи он боронҳои шадид ва обхезии сахт сар заданд, ки кӯҳҳоро фурӯ рехт ва даҳҳо шаҳру деҳаро зери об кард. Танҳо дар ду кишвар – Гаити ва Ҷумҳурии Доминикан зиёда аз 7 190 нафар ҷони худро аз даст доданд. Ҳазорон нафар бехона шуда, заминҳои кишоварзӣ, роҳу пулҳо ва биноҳои зиёд хароб шуданд.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 7 ОКТБЯРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар ағбаҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, рӯзона 10+15º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 11+16º гарм, рӯзона 22+27º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 14+19º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар ағбаҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 10+15º гарм, рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм, рӯзона 16+21º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 11+13º гарм, рӯзона 16+21º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 23+25º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4-9º сард, рӯзона 3+8º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 22+24º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 8+10º гарм, рӯзона 23+25º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 24+26º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм, рӯзона 18+20º гарм.



