ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ 9 ОКТЯБР
- Сафари давлатии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар Тоҷикистон идома дорад. Ӯ бегоҳи дирӯз ба Тоҷикистон омад. Имрӯз дар "Қасри миллат" истиқболи расмӣ доир мешавад ва баъди он Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин рӯ ба рӯ сӯҳбат хоҳанд кард.
Интизор меравад, ки баъди мулоқот ҷонибҳо изҳороти муштарак дар бораи тавсеаи шарикӣ ва ҳампаймонии стратегӣ имзо мекунанд. Сипас, ҳайати ду кишвар ҳуҷҷатҳои тасдиқшударо мубодила мекунанд.
- Имрӯз ҳамоиши дуюми "Осиёи Марказӣ – Русия" доир мешавад, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон, Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон, Содир Ҷаборов, раисҷумҳури Қирғизистон, Сардор Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон ва Владимир Путин президенти Русия иштирок мекунанд.
Ин ҳамоиш майдони муҳими гуфтугӯ байни минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русия мебошад, ки дар он масоили ҳамкориҳои бисёрҷониба дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва амниятӣ баррасӣ мешаванд.
- Имрӯз, соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо тими миллии Малдив рақобат мекунад.
Ҳамчунин, имрӯз дар бозии дигари гурӯҳи “А”, ки Тоҷикистон ҳам шомили он аст, Тимори Шарқӣ бо Филиппин дидор анҷом медиҳад.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 9 ОКТЯБР
Соли 2002 – Институти такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ таъсис дода шуд.
Соли 2014 – Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳаракати мухолифи “Гурӯҳи 24”-ро ифротгаро эълон карда, фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.
Соли 2017 – Дар пойтахт бозори “Шоҳмансур” (“Зелёный базар”) расман барҳам дода шуд ва савдогарони он ба бозори “Меҳргон” кӯчиданд.
Бо гузашти ҳашт сол ҳанӯз дар ҷойи бозори “Шоҳмансур” ягон иншооте сохта нашудааст ва замини он холӣ боқӣ мондааст. Тақдири замини бозори “Шоҳмансур” чӣ шуд ва чаро то имрӯз дар ҷойи он иншооте насохтаанд, дар ин пайванд мутолиа кунед.

Соли 2020 – Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки дар ҳамаи хонаҳои сокинони Душанбе қуттиҳои почта насб карда шаванд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1942 – Мавлуди Искандари Ҳамроқул, нависанда ва тарҷумони тоҷик.
Соли 1947 – Зодрӯзи Баҳром Маннонов, рӯзноманигори пешини Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс".

Ӯ беш аз 9 сол дар Оҷонсии иттилоотии “Азия-Плюс” кор карда, замоне сармуҳаррири он буд. Ҳарчанд дар равияи тамоман мутафовит аз рӯзноманигорӣ - физика таҳсили илм намуда, солҳо дар ин соҳа кор кард, баъди оғози кори журналистӣ зуд дар ин ришта мақом пайдо кард. Маннонов соли 2002 ба “Азия-Плюс” омад ва то рӯзи марг инҷо кор мекард.
Қабл аз ин, директори мактаби миёнаи №2-и шаҳри Канибодом ва солҳои 1995-2002 ёвари роҳбари Шӯрои идораи Ҷамъияти саҳомии “Бодом” буд.
Баҳром Маннонов 16-уми январи соли 2009 дар синни 62-солагӣ даргузашт.
Соли 1972 – Мавлуди Раҳматкарими Давлат, рӯзноманигор ва таърихнигори тоҷик.

Раҳматкарими Давлат, ки ҳоло роҳбарии Маркази мероси хаттиро дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба уҳда дорад, муассис ва сардабири ҳафтаномаи “Суруш” буда, солҳо инҷониб дар расонаҳои кишвар ва муассисаҳои илмӣ фаъолият дорад.
Ӯ ҳамчунин муддате бо бахши тоҷикии “Радиои Озодӣ” ҳамкорӣ дошт. Соли 2015 фаъолияти ӯ дар муасисисаҳои илмии Академияи илмии Тоҷикистон оғоз гардид ва панҷ сол дар шуъбаи Эрон ва Афғонистони Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, шуъбаи Шарқи Наздик ва Миёнаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо ва шуъбии таҳияи феҳристи дастхатҳои Маркази мероси хаттӣ кор кардааст.
Соли 2020 ӯ директори Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъйин шуд ва то имрӯз ин вазифаро ба уҳда дорад.
Соли 2007 – Қурбон Расулов, собиқ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар 60-солагӣ даргузашт.
Қурбон Расулов файласуф ва сиёсатшиноси тоҷик буда, солҳо дар мансабҳои давлатӣ кор кардааст. Ӯ муддате сармушовир ва мушовири давлатии раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муносибат бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва муносибати миллатҳо буд.
Расулов беш аз даҳ сол, солҳои 1995 – 2005 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд дар давраи фаъолияташ барои рушди донишгоҳ талош кардааст.
Замони роҳбарии ӯ дар донишгоҳ 8 факулта ва 10 кафедраи нав кушода шуд, филиали донишгоҳ дар ноҳияи Рашт ба фаъолият оғоз намуд ва омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе ба коллеҷ табдил ёфт.
Ӯ ҳамчунин, як давра вакили парлумон буд.
Қурбон Расулов 9-уми октябри соли 2007 пас аз маризӣ дар 60-солагӣ даргузашт.
Соли 2020 – Аҳмадшоҳ Улфатшоев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дар синни 75 даргузашт.

Аҳмадшоҳ Улфатшоев қариб ним аср дар Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А.Лоҳутӣ ҳунарнамоӣ карда, аксар нашқҳои қаҳрамонҳои миллиро офаридааст.
Ӯ хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буда, фаъолити худро ба сифати роҳбари мусиқии дастаи ҳаваскорони ноҳияи Орҷоникидеобод (Ваҳдати имрӯза) оғоз кард, аммо соли 1975 ба Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А.Лоҳутӣ омада, то охири умр ҳунарпешаи ин театр буд.
Улфатшоев дар саҳнаи ин театр нақшҳои Дохунда, Рӯдакӣ, Рустам, Баҳроми Чӯбина, Сомонхудот, шоҳ Парвиз, амир Абдулаҳад, шоҳ Егей ва дигаронро бо маҳорати фавқулода хоса офаридааст.
Ӯ дар синамо низ саҳм дорад. Аз ҷумла, дар филми "Восеъ", нақши Остонақул ва дар филми "Кумир" нақши Кумирро иҷро кардааст.
Аҳмадшоҳ Улфатшоев 9-уми октябри соли 2020 дар 75-солагӣ даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳамасола 9-уми октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии почта ҷашн гирифта мешавад. Шурӯъ аз ҳамин рӯз то 15-уми октябр Ҳафтаи байналмилалии мактуб низ баргузор мегардад, ки ҳадафи он ташвиқу тарғиби анъанаи номанависӣ ва баланд бардоштани нақши почта дар ҷомеа мебошад.

9-уми октябри соли 1874 дар шаҳри Берни Швейтсария намояндагони 22 кишвари ҷаҳон “Созишномаи Берн”-ро имзо карданд, ки бо он Иттиҳоди умумии почта (Union Générale des Postes) таъсис ёфт. Ин рӯз низ аз ин рӯйдоди таърихӣ маншаъ мегирад.
Соли 1878 ин ташкилот номи Иттиҳоди ҷаҳонии почта (ВПС)-ро гирифт. Имрӯз ин созмон 192 кишвари узв дорад ва дар ҳайати Созмони Милали Муттаҳид фаъолият мекунад.
9-уми октябри соли 2001 баландтарин пули овезон дар Миср ифтитоҳ шуд. Ин сохтмон дар таърихи муосири Миср ҳамчун рамзи пешрафти илм ва технология сабт шудааст.

Пул дар болои дарёи Нил бунёд ёфта, яке аз қисмҳои муҳими шабакаи роҳҳои байни Қоҳира ва минтақаҳои шимолии кишвар ба ҳисоб меравад. Он барои коҳиш додани танбашавии ҳаракати нақлиёт дар пойтахт ва ба вуҷуд овардани робитаи зуд байни соҳилҳои ғарбӣ ва шарқии Нил пешбинӣ шудааст.
Ин пул, ки дарозияш беш аз 700 метр ва баландияш тақрибан 70 метр аз сатҳи об мебошад, дар замони ифтитоҳаш яке аз баландтарин пулҳои овезон дар Африқо ва Шарқи Наздик ба шумор мерафт. Барои сохтани он ҳазорҳо тонна пӯлод, садҳо километр ноқил ва таҷҳизоти муосири муҳандисӣ истифода шудааст.
9-уми октябри соли 2009 Барак Обама, президенти вақти Амрико сазовори Ҷоизаи Нобел оид ба сулҳ гардид. Он яке аз рӯйдодҳои пуровозаи сиёсиву байналмилалии он сол гардид.

Дар изҳороти расмии Кумитаи Нобел омада буд, ки Обама “умеди нав ба сиёсати ҷаҳонӣ овард ва ба мардум имкон дод, ки бовар кунанд, ки дипломатия ва гуфтугӯ метавонад ҷойи ҷанг ва низоъро гирад.”
Ин ҷоиза ба ӯ баъди нуҳ моҳ аз президент интихоб шуданаш тақдим гардид ва вокуниши зиёд дар пай дошт.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 9 ОКТБЯРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5º гарм, рӯзона 15+20º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 9+14º гарм, рӯзона 22+27º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 7+12º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, рӯзона 22+27º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 5+10º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, рӯзона 17+22º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 25+27º гарм, дар шарқи вилоят шабона 6-11º сард, рӯзона 4+9º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 25+27º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 9+11 гарм, рӯзона 22+24º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 26+28º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм, рӯзона 19+21º гарм.




“500 ҳазор сомонӣ зарар кардам”. Савдогарони бозори сӯхтаи “Гулистон”-и Панҷакент дар бораи зарар ва қарзҳояшон гуфтанд
Раисҷумҳурони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд мулоқот ва машварат мекунанд
Таноқуз дар чорводорӣ: Истеҳсол зиёд шудааст, аммо нарху воридот ҳам афзоиш ёфтааст
Вазири дифои Тоҷикистон бо ҳамтои покистонияш дар Исломобод мулоқот кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 ноябри соли 2025
Консулҳои Тоҷикистон дар чор музофоти Русия ва як шаҳри Қазоқистон нав шуданд. Онҳо кистанд?
Ҷузъиёти кушта ва захмӣ шудани ду ноболиғ дар пайи ҷанҷоли гурӯҳи наврасон дар Душанбе
Дар Душанбе намоишгоҳи байналмилалии "Тоҷикистон–2025" шурӯъ шуд
Завқӣ Завқизода аз мансаби вазири рушди иқтисод озод ва сафир дар Амрико таъин шуд. Боз киҳо аз вазифа озод шуданд?
“Ховар” аз “маҳдудияти нерӯи барқ” хабар дод. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, ки истеҳсоли нерӯи барқ кам шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста