Миёни шаҳрҳои Душанбеи Тоҷикистон ва Минералние Водии Русия парвозҳои мустақим роҳандозӣ мешавад. Дар ин бора ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” хабар додааст.
Ба навиштаи манбаъ, парвози аввалин рӯзи 30-юми ноябр ба нақша гирифта шудааст. Парвозҳо таввасути ҳавопаймои "Boeing 737-900NG" ҳафтае як маротиба, рӯзҳои якшанбе иҷро карда мешавад.
Нархи чипта дар сомонаи расмии ин ширкат 2 ҳазору 350 сомонӣ муайян шудааст. Вақти парвоз дар ин масир 3 соату 40 дақиқа гуфта мешавад.
Ширкати “Сомон Эйр” гуфтааст, ки роҳандозии хатсайри нав як қисми стратегияи ширкати ҳавопаймоӣ буда, ҳадафи он зиёд кардани самти парвозҳо ва таҳкими робитаҳои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия аст.
Шаҳри Минералние Водӣ дар ҷануби Русия, дар минтақаи Ставропол, тақрибан 172 километр ба самти ҷанубу шарқ аз маркази минтақавӣ - шаҳри Ставропол ҷойгир аст. Ин шаҳр, қисми минтақаи бузурги санаторию истироҳатии Обҳои Маъдании Кавказ маҳсуб мешавад. Сайёҳону меҳмонон бештар барои истроҳату табобат ба ин шаҳр сафар мекунанд.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 декабри соли 2025
Аз қатли Нилуфар то Қобилҷон дар Русия. Натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ?
Боз ҳамлаи гург ба ду сокини ноҳияи Деваштич. Ин ҳодисаи сеюм дар як моҳи охир аст
Қариб 6 ҳазор донишҷӯи ӯзбекистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд
Нотаи Тоҷикистон ба Русия дар пайи куштори навраси тоҷик. Раҳимзода аз Колоколтсев таҳқиқи ҳодисаро хост
Тоҷикистон дар радабандии рушди иҷтимоӣ дар зинаи 113-ум қарор гирифт
Гаронтарин футболбозони Лигаи олии Тоҷикистон киҳоянд?
Эмомалӣ Раҳмон: “Истихроҷи канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон 2 баробар зиёд мешавад”
Куштори навраси 10-солаи тоҷик дар мактабе дар Русия. Сафорати Тоҷикистон ба ВКХ Русия ёддошти расмӣ фиристодааст
Президенти Тоҷикистон ваъда дод, ки дар кишвар 1,4 млн ҷойи корӣ таъсис дода мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста