ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

- Имрӯз, соати 11:30 ба вақти Душанбе дар шаҳри Дарвин тими мунтахаби Тоҷикистон дар бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А” муқобили яккачини Тимори Шарқӣ бозӣ мекунад.

– Дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” идома дорад. Озмун дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуда, санҷиши дониши довталабони ҳар бахш дар толорҳои алоҳидаи китобхона сурат мегирад. Озмуни мазкур аз соли 2019 ҳамасола баргузор мешавад.

– Дар Боғи Куруши Кабири Душанбе намоишгоҳи муштараки Тоҷикистону Эрон идома дорад. Давоми як моҳ аз соати 11:00 то соати 22:00 дар ин мавзеъ намоишгоҳи мазкур баргузор мешавад. Дар он фурӯши маҳсулоти гуногуни ҳунарҳои мардумии ду кишвар, аз ҷумла заргарӣ, гулдӯзӣ, кулолгарӣ, чакандӯзӣ, қолинбофӣ, наққошӣ ва косибӣ ҷараён дошта, ширкатҳои сайёҳӣ ва таомҳои миллии ду кишвар низ муаррифӣ мешаванд.


Ҳамчунин, боздидкунандагон имкон доранд, давоми як моҳ барномаҳои мусиқиву фарҳангӣ ва ҳунарнамоии ҳунармандони ду кишварро тамошо карда, дар қуръакашии тӯҳфаҳо, ҳамоишҳои мавзуӣ ва бозиҳои гуногун ширкат кунанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1994 – Дар Тоҷикистон рӯзномаи хусусии “Дайҷест-пресс” таъсис дода шуд.

Соли 2012 – Эмомалӣ Раҳмон бинои нави осоишгоҳи “Баҳористон”-ро дар соҳили обанбори Қайроқум ифтитоҳ кард.

Соли 2013 – Мақомот нисбат ба ҳамсари Амонулло Ҳукуматулло, раҳбари онвақтаи “Роҳҳои оҳани Тоҷикистон” барои вайронкунии талаботи Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд” парванда боз кард. Дар натиҷаи садамаи нақлиётии шаби 9-уми октябри ҳамон сол, ки бо иштироки Расули Амонуллои 16-сола ба вуқӯъ пайваст, 3 нафар кушта ва 3 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Соли 2014 – Президенти Тоҷикистон аз сафирони нави 19 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул намуданд.


Соли 2018 – Дар шаҳри Бӯстон корхонаи дорусозии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фарм Суғд” ба истифода дода шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли  1921 – Зодрӯзи Маъруфхуҷа Баҳодуров, овозхон ва навозандаи тоҷик.

Маъруфхуҷа Баҳодуровро ҳамчун идомадиҳандаи санъати Содирхон Ҳофиз мешиносанд ва нақши муҳимаш ба рушди мусиқии классикӣ ва иҷрои “Шашмақом” рабт мегирад.

Фаъолияти ҳунарии Баҳодуров аз дастаи ҳаваскорони қасри маданияти комбинати абрешим оғоз ёфта, сипас солҳои дароз ҳамчун овозхони Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Солҳои баъдӣ роҳбари ансамбли мусиқии тоҷик дар кумитаи радиои Ӯзбекистон, корманди Театри опера ва балети Самарқанд ва дар солҳои 1993–1996 профессори Академияи мусиқии Тоҷикистон буд.

Эҷодиёти ӯ беш аз 100 тарона ва сурудро дар бар мегирад. Баҳодуров ба осори Содирхон Ҳофиз рӯҳу сабки тоза бахшида, таронаҳои “Гулёр”, “Гулёри Содирхон”, “Ушшоқ”, “Шаҳноз”, “Чоргоҳ” ва дигар мақомҳоро бо маҳорати баланд иҷро кардааст. Сурудаҳои маъруфаш “Ба фидои ту”, “Тасаддуқ”, “Эй дил, хомӯш шав”, “Дилбари ҷонони ман” ва “Ёрро” ба ганҷинаи тиллоии мусиқии тоҷик дохил шудаанд.

Баҳодуров инчунин муаллифи барномаҳои ҳунарӣ ва достони шеърию мусиқии “Лайлӣ ва Маҷнун” мебошад.

Ӯ соли 1997 дар 76-солагӣ даргузашт.

Дар бораи кору пайкор ва ҳунари ин сарояндаи классик дар матлаби зерини “Азия-Плюс” маълумоти бештар пайдо мекунед: Ҷӯрабек Муродов: “Маъруфхӯҷа Баҳодуровро дар авҷи ҳунараш қадр накардем”

Соли 1962 – Мавлуди Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори пешини Хадамоти гумрук ва собиқ сардори Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон.

Абдуфаттоҳи Ғоиб

Абдуфаттоҳи Ғоиб, генерал-майори адлия дар мансабҳои баланди роҳбарикунанда, аз ҷумла раиси Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод ва сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон кор кардааст.

Ӯ соли 1984 факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, фаъолиятро дар шӯъбаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои иқтисодии корҳои дохилии яке аз ноҳияҳои Душанбе шурӯъ намуд.

Сипас, мактаби олии милиса дар шаҳри Саратови Русияро хатм мекунад. Солҳои 1994-1995 барои кор ба шуъбаи мубориза бо ҷароими созмонёфтаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон даъват мешавад. Соли 1996 сардори бахши мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии шуъбаи умури дохилии шаҳри Исфара таъйин мешавад.

Аз соли 1998 то 2002 фаъолиятро ба ҳайси сардори шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе идома медиҳад. Аз соли 2004 то соли 2009 дар вазифаи сардори Раёсати корҳои дохилаи пойтахт кор мекунад.

Моҳи июни соли 2009 директори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон таъйин шуд. Моҳи марти соли 2015 сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъин шуда, дар ин мақом ҷойгузини Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори феълии Тоҷикистон ва писари Эмомалӣ Раҳмон шуда буд. ​

Соли 2018 Абдуфаттоҳи Ғоиб барои “ба мансаби дигар гузаштан” аз ин вазифа озод шуд, аммо дигар ба мансабе таъин нашуд.

Аз Хадамоти гумруки Тоҷикистон сабаби аслии барканории Абдуфаттоҳи Ғоибро нагуфта буданд, вале шарҳ дода буданд, ки ӯ дар робита ба воридоти гӯшти пастсифати мурғ аз роҳбари давлат “гап шунида буд”.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола аз 18 то 24-уми ноябр дар саросари ҷаҳон Ҳафтаи ҷаҳонии истифодаи дурусти антибиотикҳо таҷлил мегардад. Ин иқдом аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкили ҷиддии тиб – устувории зиддимикробӣ роҳандозӣ шудааст.


Ҳадафи асосии он огоҳии мардум дар бораи истифодаи дурусту антибиотикҳо аст, зеро бо вуҷуди самаранокӣ, истифодаи нодурусту худсаронаи ин доруҳо ба пайдоиши микроорганизмҳои устувор оварда мерасонад.

18-уми ноябр аввалин бор расман тариқи кабӯтарҳо иртиботи почтавӣ байни шаҳрҳои Тур ва Порис барқарор гардид. Ин навоварӣ дар замони муҳосираи Париж дар соли 1870 хеле зарур буд, зеро роҳҳои иртиботӣ баста шуданд ва ирсоли паёмҳо фақат аз тариқи кабӯтарҳо имкон дошт.

Паёмҳо аввал аксбардорӣ ва фишурда шуда, дар шакли плёнкаи ночиз дар порчаи парҳои холии ғоз гузошта мешуд ва бо мум ба пойи кабӯтар маҳкам баста мешуд. Як кабӯтар то 15–20-то чунин паёмро интиқол медод. Дар Порис ҳатто “почтаи кабӯтарӣ” амал мекард, ки дар он паёмҳо рамзкушоӣ ва ба соҳибонашон расонида мешуданд.


18-уми ноябри соли 1885 дар назди шаҳри Штутгарт аввалин мотосикли ҷаҳон озмоиш карда шуд. Ин мошин аз Бад-Каннштатт то Унтертюркҳайм бо суръати 12 км/соат ҳаракат кард, ки барои он давра суръати бениҳоят баланд ҳисоб мешуд.

Ин мотосикл аз ҷониби Адолф Даймлер, писари муҳандиси маъруф Готлиб Даймлер сохта шуд. Падари ӯ дар якҷоягӣ бо Карл Бенс аз асосгузорони автомобилҳои муосир ба шумор меравад.

Гарчанде мотосикли нахустин аз назари сохт хеле сода буд, ҳамаи принсипҳои асосии техникаи мотосиклсозӣ дар он ҷой доштанд.


 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард, рӯзона 7+12º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 5+10º гарм, рӯзона 15+20º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, рӯзона 13+18º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, рӯзона 10+15º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19º гарм, дар шарқи вилоят шабона 15-20º сард, дар баъзе минтақаҳо то 22-24º сард, рӯзона 0+5º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 6+8º гарм, рӯзона 20+22º гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 4+6º гарм, рӯзона 18+20º гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 5+7º гарм, рӯзона 22+24º гарм мешавад.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 3-5º хунук, рӯзона 12+14º гарм мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.