Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ирсоли вокуниш ба маводи таҳти унвони “Нигаронии як созмони ҷаҳонӣ аз вазъи “Бешаи палангон”. Хатари калонтарин ба ин мамнуъгоҳ чӣ аст?” нашркардаи “Азия-Плюс” ҳар гуна нигаронӣ ва таҳдид ба “Бешаи палангон”-ро рад кард. Вокуниш бо имзои муовини раиси ин ниҳод Л. Раҳмонзода ирсол шудааст. Аммо дар он чандин нукоти суолбарангез ҳам зикр шудааст.
“Азия-Плюс” бо риояи талаботи қонунгузории кишвар вокуниши ин ниҳодро дар шакли комил нашр мекунад, аммо дар баробари ин, зарур медонад, ки ба чанд нукта рӯшанӣ андозад.
Аз ҷумла, дар вокуниши Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст: “Дар мақола гуфта мешавад, ки Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) ҳолати мамнуъгоҳи “Бешаи плангон”-ро ҳамчун “нигаронкунанда” арзёбӣ намудааст. Вале зикр нашудааст, ки ин хулоса дар асоси кадом гузориши расмӣ, аз ҷониби кадом муаллиф ё ниҳод таҳия шуда, дар куҷо нашр гардидааст.
То имрӯз IUCN ягон гузориши расмиро нашр накардааст, ки дар он ҳолати “Бешаи палангон”, ҳамчун “таҳдидкунанда ё буҳронӣ” эътироф шуда бошад. Аз ин рӯ, изҳороти дар мақола овардашуда сарчашмаи аниқу дақиқ ва асоси ҳуҷҷатӣ надорад.”
Бояд зикр кард, ки дар сархати аввали маводи бар пояи гузориши Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) таҳиякардаи “Азия-Плюс” ба суолҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон посух дода шудааст: “Вазъи “Бешаи палангон” дар гузориши Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) “нигаронкунанда” арзёбӣ мешавад. Ин гузориш 11—уми октябри 2025 дар саҳифаи расмии иттиҳодия нашр шудааст, ки дар бораи вазъи ду ёдгории табии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон гузориш медиҳад”.

Дар ин сархат ниҳоди таҳиякунанда ва нашркунандаи гузориш, яъне Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN), дар куҷо нашр шудани гузориш рӯшан зикр шуда, ҳатто пайванди гузориш гузошта шудааст. Бо як нохун задан ба пайванди гузошташуда, имкони гузариш ба саҳифаи Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) ва дастрасӣ ба гузориш пайдо мешавад. Яъне мафҳуми “таҳдидкунанда ё буҳронӣ” нисбат ба вазъи “Бешаи палангон” аз сӯйи Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) истифода шудааст. Сарчашмаи гузориш ҳам дақиқ нишон дода шудааст ва чун ҳуҷҷат барои маълумоту таҳлил дастрас аст.
Дар вокуниши Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин зикр мешавад: “Муаллифони мақола изҳор доштаанд, ки “сеяки оби дарёи Вахш барои обёрӣ истифода мешавад ва тақрибан аз панҷ як қисми боқимонда — оби партов бо миқдори зиёди моддаҳои зараровар мебошад”. Ин маълумот бо ягон таҳқиқоти расмии гидрологӣ, таҳлилҳои лабораторӣ ё манбаъҳои оморӣ тасдиқ карда нашудааст”.
Маврид ба зикр аст, ки рақаму далелҳои дар матлаб нашршуда андешаи муаллифи “Азия-Плюс” набуда, балки ба гузориши Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) асос ёфтааст, ки он дар дастрасии умум аст. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мебоист ин даъвои худро ба Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) ирсол кунанд, то ин созмон маълумоти ба назари Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дурустро дар сомонаи худ нашр кунад.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон менависад: “Дар мақола оварда шудааст ки “ҳоло ҷангалҳои туғай танҳо аз ҳисоби обҳои рӯизаминӣ ва заҳкаш ғизо мегиранд, ки барои нигоҳдории онҳо кофӣ нест”. Ин маълумот аз таҳқиқоти саҳроӣ тасдиқ намеёбад”.

Дар матлаби “Азия-Плюс” муаллиф ҳеҷ куҷо нанавиштааст, ки маълумоти дар гузориши Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) зикршуда тасдиқшуда аст, баръакс, муаллиф менависад: “Вале таъкид мешавад, ки ин таҳлилҳо дар асоси мушоҳида ҳосил шуда, аз ҷиҳати илмӣ ва гидрологӣ тасдиқ нашудаанд. IUCN пешниҳод дорад, ки барои арзёбии дуруст ва ҳалли мушкилот ҳар чӣ зудтар бояд омӯзиши илмии гидрологӣ, бо назардоштӣ таъсири манфии тағйирёбии иқлим гузаронида шавад”.
Яъне агар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъво дорад, ки “Ин маълумот аз таҳқиқоти саҳроӣ тасдиқ намеёбад” бояд маълумоти дуруст ва тасдиқшударо ба Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) фиристад, то дар гузорише, ки дар дастрасии умум аст, маълумоти ба қавли онҳо “дуруст” зикр шавад.
Дар идома ҳам Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқоди вазъи ҷангалҳои туғай дар “Бешаи палангон”ро дар Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) беасос хонда, менависад, ки “...мақсади муалифи мақолаи мазкур аз пешниҳодҳои маълумотҳои бардуруғ ва беасос номуайян аст. Ин ҳолат принсипи тавозуни журналистиро вайрон мекунад ва дар шунавандагону хонандагон тасаввури нодурусти вазъиятро ба вуҷуд меорад”.
Бори дигар зикр мекунем, ки далелҳои дар маводи “Азия-Плюс” нашршуда андешаи муаллиф ё расона набуда, балки арқому арзёбиест, ки дар гузориши Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) нашр шудааст ва хабарнигори “Азия-Плюс” онро бидуни таҳриф ба хонандаи худ пешниҳод кардааст, ки ин рисолати аслии ӯ аст.
Дар ниҳоят, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон менависад: “Бинобар ин, мақолаи Asia-Plus дорои як қатор маълумотҳои носаҳеҳ ва тасдиқнашуда мебошад, ки тавре дар боло гуфтем, метавонанд ҷомеаро дар бораи вазъи воқеии мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” ба иштибоҳ андозанд”.
Такроран зикр мекунем, ки маводи “Азия-Плюс” ба гузориши Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) асос ёфтааст. Он гузориш, бори дигар такрор мекунем, ки дар дастрасии умум қарор дорад ва ҳар нафар метавонад озодона пайдо ва мутолиа кунад.

Дар ниҳоят, сарфи назар аз бемавқеъ муттаҳам кардани “Азия-Плюс” ба “пешниҳодҳои маълумотҳои бардуруғ ва беасос” мо аз вокуниши Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол мекунем ва нашри гузориши Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) ва посухи Кумита ба онро баҳонае барои ҷалби таваҷҷуҳ ба мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон” ва ҳифзи он меҳисобем.
Дар зер матни пурраи вокуниши Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни таҳрир нашр мешавад:
Вокуниш ба мақолаи нашргардидаи рӯзномаи Asia-Plus “Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат аз ҳолати “Бешаи плангон” нигарон аст. Чӣ ба мамнуъгоҳ таҳдид мекунад?” (аз 28 октябри соли 2025).
Ба нашри мақолаи шумо таҳти унвони “Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат аз ҳолати мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” нигарон аст. Чӣ ба мамнуъгоҳ таҳдид мекунад?” иттилоъ медиҳем, ки мо бо эҳтиром ба фаъолияти рӯзноманигорон дар самти ҳифзи муҳити зист муносибат мекунем ва таваҷуҳ ва масъулияти худро вобаста ба ҳифзи мероси табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён менамоем. Бо вуҷуди ин, зарур мешуморем, ки як қатор изҳорот ва маълумотҳои беасоси дар ин нашрия овардашударо равшани андозем.
Набудани истинодҳои боэътимод ба ҳуҷҷатҳои IUCN.
Дар мақола гуфта мешавад, ки Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) ҳолати мамнуъгоҳи “Бешаи плангон”-ро ҳамчун “нигаронкунанда” арзёбӣ намудааст. Вале зикр нашудааст, ки ин хулоса дар асоси кадом гузориши расмӣ, аз ҷониби кадом муаллиф ё ниҳод таҳия шуда, дар куҷо нашр гардидааст.
То имрӯз IUCN ягон гузориши расмиро нашр накардааст, ки дар он ҳолати “Бешаи палангон”, ҳамчун “таҳдидкунанда ё буҳронӣ” эътироф шуда бошад. Аз ин рӯ, изҳороти дар мақола овардашуда сарчашмаи аниқу дақиқ ва асоси ҳуҷҷатӣ надорад.
Нодурустии маълумот дар бораи низоми обӣ.
Муаллифони мақола изҳор доштаанд, ки “сеяки оби дарёи Вахш барои обёрӣ истифода мешавад ва тақрибан аз панҷ як қисми боқимонда — оби партов бо миқдори зиёди моддаҳои зараровар мебошад”. Ин маълумот бо ягон таҳқиқоти расмии гидрологӣ, таҳлилҳои лабораторӣ ё манбаъҳои оморӣ тасдиқ карда нашудааст. Ғайр аз ин натиҷаҳои мушоҳидаҳои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист оид ба сифати обҳои ҷоришаванда ба ҳудуди мамнуъгоҳ, ҳамчунин сатҳи обҳои ҷоришаванда маълумоти дар мақола дарҷшударо инкор мекунад. Тибқи таҳқиқоти илмии аз ҷониби Муассисаи давлатии Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда гузаронидашуда ва мониторинги мунтазами масъулони мамнуъгоҳ сатҳу сифати об дар ҳудуди мамнуъгоҳ дар ҳудуди меъёрҳои муқарраршуда қарор дорад ва нишонаҳои таъсири манфӣ ба муҳити зисти обӣ ба қайд гирифта нашудаанд.
Изҳороти беасос оид ба деградатсияи ҷангалҳои туғай.
Дар мақола оварда шудааст, ки “ҳоло ҷангалҳои туғай танҳо аз ҳисоби обҳои рӯизаминӣ ва заҳкаш ғизо мегиранд, ки барои нигоҳдории онҳо кофӣ нест”. Ин маълумот аз таҳқиқоти саҳроӣ тасдиқ намеёбад. Ба иттилои кормандони мамнуъгоҳ, солҳои 2024–2025 барқароршавии қисман низоми об ва эҳёшавии табиии гиёҳпӯшӣ дар натиҷаи боришот ва болоравии сатҳи обҳои зеризаминӣ мушоҳида шудааст. Илова бар ин, дар солҳои охир дар ҳудуди мамнуъгоҳи “Бешаи плангон” ҳодисаҳои сӯхтори ҷангалӣ ба қайд гирифта нашудаанд, ки ин нишондиҳандаи вазъи хуби гидрологӣ ва экосистемаи маҳаллӣ мебошад. Аз ин рӯ, дар мақола маълумотҳои овардашуда оид ба “деградатсияи ҷангалҳои туғай” асоси воқеӣ надошта, аз ҳақиқат дур мебошад. Бинобар ин, мақсади муалифи мақолаи мазкур аз пешниҳодҳои маълумотҳои бардуруғ ва беасос номуайян аст. Ин ҳолат принсипи тавозуни журналистиро вайрон мекунад ва дар шунавандагону хонандагон тасаввури нодурусти вазъиятро ба вуҷуд меорад.
Чорабиниҳои воқеии андешидашуда барои ҳифзи мамнуъгоҳ.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамнуъгоҳи зикргардида пайваста чорабиниҳои зеринро аз қабили гузаронидани мониторинги мунтазами экологӣ ва гидрологӣ, омӯзиши таъсири тағйирёбии иқлим ба системаи обӣ ва гуногунии биологӣ, ҳифзи намудҳои нодири набототу ҳайвоноти зери таҳдиди нобудшавӣ қарордошта ва монанди инҳо амалӣ менамояд.
Дар доираи ҳифзу барқарорсозии экосистемаҳои табиӣ ва беҳтар намудани ҳолати гидрологии ҳудуди мамнуъгоҳ зикр кардан зарур аст, ки дар ин муддат зиёда аз 20 километр каналҳо ва заҳбурҳо бо истифода аз техникаву механизмҳои калонҳаҷм пурра тоза ва ба таври муназзам барқарор карда шуданд. Дар натиҷа гардиши табиии об дар ҳудуди мамнуъгоҳ беҳтар гардида, замина барои обёрии табиии растаниҳо ва афзоиши гуногунии биологӣ дар ҳудуди мамнуъгоҳ фароҳам оварда шудааст.
Ҳамзамон, бо мақсади идоракунии самараноки захираҳои обӣ ва ҳифзи муҳити зист, нақшаи идоракунии мавзеъҳои обию ботлоқии мамнуъгоҳи табиии давлатии “Бешаи палангон” таҳия ва аз ҷониби мақомоти дахлдор тасдиқ гардид. Ин санади муҳими меъёрӣ имкони татбиқи чораҳои илман асосноки ҳифзи табиат, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, мониторинги мунтазами ҳолати муҳити зист ва танзими муносибати инсон бо табиатро фароҳам меорад.
Татбиқи ин нақша дар марҳилаи минбаъда барои баланд бардоштани сатҳи устувории экосистемаҳои обию ботлоқӣ, ҳифзи маконҳои зисти намудҳои нодири набототу ҳайвонот ва рушди устувори муҳити табиӣ дар минтақа нақши калидӣ хоҳад дошт.
Ёдовар мешавем, ки соли 2023 мамнуъгоҳи “Бешаи палнгон” ба Рӯйхати мероси ёдгориҳои табиии ЮНЕСКО ворид гардид. Солҳои 2024–2025 лоиҳаҳо оид ба барқарорсозии каналҳои обёрӣ, мониторинги гуногунии биологӣ ва мубориза бо шӯршавии заминҳо амалӣ мегарданд. Назорати мунтазами экологӣ гузаронида шуда, сифати об тавассути озмоишгоҳҳои махсус санҷида мешавад. Ҳамаи ин чораҳо ба таҳкими тавозуни табиӣ ва ҳифзи экосистемаҳои нодири мамнуъгоҳ равона шудаанд. Бинобар ин, мақолаи Asia-Plus дорои як қатор маълумотҳои носаҳеҳ ва тасдиқнашуда мебошад, ки тавре дар боло гуфтем, метавонанд ҷомеаро дар бораи вазъи воқеии мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” ба иштибоҳ андозанд.
Нақши неругоҳҳои обии барқӣ дар танзими низоми обӣ.
Бояд зикр кард, ки сохтмони неругоҳҳои барқии обӣ дар маҷрои дарёҳои кишвар, аз ҷумла дарёҳои Вахш ҷараёни обро ба таври устувор танзим намуда, ба воридшавии мунтазами об ба ҳудуди мамнуъгоҳ мусоидат мекунад.
Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки тавозуни гидрологӣ ва ҳолати табиии туғайзор нигоҳ дошта шавад. Ҳамзамон, неругоҳҳои барқии обӣ дар пешгирии шусташавии заминҳо, коҳиши эрозияи соҳилҳо ва танзими ҳаҷми об дар фаслҳои гуногуни сол нақши муҳим доранд.
Дар бораи ҳамкорӣ ва шаффофияти иттилоотӣ.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таваҷҷуҳи воситаҳои ахбори омма ба масъалаҳои муҳити зист истиқбол менамояд ва омода аст барои таъмин намудани иттилооти дақиқу илмӣ дар асоси таҳқиқоти воқеӣ ҳамкориро идома диҳад.
Бо дарназардошти аҳаммияти ҷаҳонии мамнуъгоҳи давлатии “Бешаи палангон” ҳамчун қисми мероси табиии инсоният, ҳамаи тадбирҳои давлатӣ ва байналмилалӣ бо ҳадафи асосӣ — нигоҳдорӣ, барқарорсозӣ ва рушди устувори экосистемаҳои табиӣ амалӣ карда мешаванд.
Дар робита ба ин, мо аз ҳайати таҳририи нашрияи Asia-Plus эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки раддияи мазкурро мутобиқи моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи воситаҳои ахбори омма” нашр намояд. Ҳамчунин, дар оянда ҳангоми омода намудани маводҳо дар мавзуъҳои ҳифзи муҳити зист, шарҳҳои расмии мақомоти салоҳиятдор ва мутахассисонро дархост ва истифода намоянд.





Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста