Саидмукаррам Абдуқодирзода, муфтии кишвар ва раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, ки маъмулан пеш аз намози ҷумъа ва пеш аз намози идҳои Фитру Қурбон дар назди намозгузорон суханронӣ мекунад, дар аксар ҳолат ба масоили иҷтимоӣ низ аз нигоҳи дин назар карда, баъзан аз зуҳуроту амалҳои сокинон, ки  ба гуфтаи ӯ, хилофи ахлоқу эътиқод ҳастанд, интиқод мекунад.

Аз ҷумла, интиқоди ахири ӯ аз маъмул шудани “ботокс“ ва холкӯбӣ миёни баъзе аз сокинон дар ҷомеа вокуниши гуногунро барангехт. Теъдоде онро дуруст ва теъдоде ҳам дахолат ба ҳарими шахсӣ унвон карданд. Аммо ин аввалин интиқоди муфтии Тоҷикистон аз амалҳои сокинон нест. Ӯ дар гузашта низ аз амалҳои дигари сокинон интиқод карда буд, ки маъмултарини онро гирдоварӣ кардем.

 

“Касе, ки назди фолбину ҷодугар меравад, кофир ва никоҳаш ботил мешавад”

Саидмукаррам Абдулқодирзода дар яке аз мавъизаҳояш аз минбари масҷиди ҷомеи марказии Душанбе гуфт, ки дар дини Ислом сеҳру ҷоду ҳаром маҳсуб мешавад ва ҳар касе, ки ба сеҳргарӣ машғул аст, аз имон дур аст.

“Ҳар касе, ки назди фолбину ҷодугар меравад ва ба гуфтаҳои ӯ бовар мекунад, кофир мешавад. Никоҳаш ҳам ботил мегардад. Махсусан занон зиёд назди соҳирону ҷодугарон мераванд, ки никоҳашон бо шавҳарон ҷудо мешавад. Ин гуна ашхос бояд тавба кунанд ва аз сар никоҳ банданд”, - афзуд муфтии Тоҷикистон.

Муфтӣ ин суханро замоне сареъ гуфт, ки мақомоти Тоҷикистон низ бо соҳириву ҷодугарӣ мубориза бурда, нафарони бо ин кор машғулро боздошт мекунанд ва ҷазо медиҳанд.

Занон дар навбати фолбин дар яке аз деҳаҳои кишвар
Сурат: аз Радиои Озодӣ

Илова ба ин, мақомоти корҳои дохилии кишвар онҳоеро, ки аз хадамоти фолбину ҷодугарон истифода мекунанд, низ аз муҷозот огоҳ кардаанд. Вале новобаста аз шадид шудани муҷозот барои истифода аз хидмати фолбину ҷодугар ва сеҳрдон, баъзе сокинони кишвар ба суроғи “хадамот”-и фолбинони кишварҳои ҳамсоя рафтаанд.    

 

“Ба бархе ҳоҷиҳо 100% бовар накунед!”

Муфтии кишвар рӯзи 29-уми июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе таъкид кард, ки “ҳаҷ донишгоҳ нест, ҳавзаи илмӣ нест, ҷои таълими одобу ахлоқ нест ва маънои онро надорад, ки шахсе ҳаҷ мекунад, аз Худо битарсад, маълумоти пурраву дақиқи аниқ пайдо кунад, касеро фиреб надиҳад”.

Ба қавли муфтӣ, шаҳрвандон вақте ба Раёсати фатвои Шӯрои уламо муроҷиат мекунанд, далел меоранд, ки ба хотири ҳоҷӣ будани ҷониби дигар ба ӯ бовар кардаанд, вале ин соддагӣ ва хуб огоҳ набудани ҷомеаро нишон медиҳад, зеро на ҳар шахсе ба ҳаҷ меравад, инсони комил шуда бармегардад. 

“Баъзеҳое, ки ба ҳаҷ мераванду меоянд, аз Ислом ҳеҷ хабар надоранд, ҳатто дар ҳамон ҷо ҳам рукнҳои ҳаҷро адо намекунанд ва маънои онро надорад, ки инсон ба куллӣ тағйир меёбад. Бояд тағйир биёбад, лекин тағйир намеёбад.

Маънои тағйир наёфтанаш ҳам ин аст, ки ҳаҷҷаш қабул нашудааст. Ба ҳар ҳол, ҳаҷ мадраса нест, ҳавзаи илмӣ нест, ҷои таълиму тарбия нест, ки бираваду биёяд, ба ӯ 100 дарсад боварӣ кунед”, - таъкид кард Саидмукаррам Абдулқодирзода. 

 

“Ба таври сунъӣ боло бурдани нархҳо сӯиистифода аз моҳи Рамазон ва гуноҳи азим аст”

Муфтии кишвар мунтазам дар арафаи оғози идҳо аз худсарона болобурдани нарху наво аз ҷониби соҳибкорон интиқод мекунад. Дар яке аз суханрониҳои худ, муфтӣ таъкид карда буд, ки “ба таври сунъӣ боло бардоштани нархи анвоъ дар бозор ба хотири фоидаи бештар гирифтан дар ин моҳ амали бадтаринест, ки дар дини мубини ислом мавриди маҳкумият қарор гирифтааст”.

Ба ақидаи Абдуқодирзода, Рамазон на танҳо моҳи имтиҳони неруи ҷисмонӣ ва парҳез аз ғизо, балки имтиҳони вазъи рӯҳиву равонӣ ва покизагии нияту аъмол ҳам ҳаст.

Акс аз Радиои Озодӣ

“Дар моҳи мубораки Рамазон баъзе нафарон, соҳибкорон ва ё шахсоне, ки бозорнишинанд, ба эҳтикор (дар истилоҳи фиқҳи шаръӣ инро ба таври сунъӣ боло бурдани нарх мегӯянд) даст мезананд. Мо камбуди равған, орд, меваҷот надорем, ҳама анборҳо пур аз ин неъматҳост. Ҳоло ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархи маводи мавриди ниёзи аввал, бардоштани нархи дигар маҳсулот, умуман суиистифода аз моҳи мубораки Рамазон ё рӯзҳои мубораки ид бисёр гуноҳи азим буда, пайомадҳои нохуш низ дорад”, - таъкид доштааст муфтӣ.

 

“Занону духтарон либоси "танг, сиёҳ ва ҳарир" напӯшанд”

Шӯрои уламои Тоҷикистон соли гузашта бо нашри фатвое хост, ки занону духтарон либоси "танг, сиёҳ ва ҳарир" напӯшанд. Дар ин маврид Абдулқодирзода гуфт, дини Ислом пӯшидани либоси махсусро таъйин накардааст ва ҳар халқ метавонад “бо риояи меъёрҳои шариат” либоси миллии худро ба бар кунанд.

“Модоме ки меъёрҳои шаръӣ риоя мешаванд, Шӯрои уламо ҳамон либосҳои миллиро тавсия медиҳад. Он либоси нимурён ҳам тавсия дода намешавад," - гуфт муфтии Тоҷикистон. 


Замоне, ки баҳс атрофи пушидани либоси “бегона” ва ҳимоёти муфтӣ аз манъи “сатру ҳиҷоб” дар кишвар ба авҷ расида буд, 1-уми сентябри соли гузашта дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба ӯ ҳамла карданд.

Дар бораи ҳувияти гумонбарон, махсусан ҷавони ҳамлагар маълумоти дақиқ нест, фақат маълум аст, ки он ҷавон донишҷӯ буда  24 сол доштааст.

Гуфта мешавад, ки ҳамлагар ба ифротгароӣ муттаҳам шуда, ба 26 соли зиндон маҳкум шуд.

Ёдовар мешавем, ки Саидмукаррам Абдулқодирзодаи 61-сола аз моҳи октябри соли 2010 раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аст ва дар мавъизаҳои худ ҳамеша аз пешгирии ифротгароӣ, фирефтаи гурӯҳҳои ифротгаро нашудани ҷавонон ва дигар масъалаҳои ҷамъиятӣ суханронӣ мекунад ва бештари суханрониҳои худро дар саҳифаҳои Маркази исломии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунад.

Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки на ҳамеша тавсияву интиқоди ӯ кор медиҳанд ва вазъ ислоҳ мешавад. Такроран баргаштани ӯ ба баъзе масоили мухолиф ба ахлоқу эътиқод, гувоҳи ин аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.